logo

туризм

ШАҲРИНАВ. ИМКОНИЯТҲОИ ФАРОВОН БАРОИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН

Дар ноҳия доир ба муаррифии мавзеъҳои сайёҳии водии Ҳисор  семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарону кормандони бахшҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Шаҳринав яке аз мавзеъҳои бостонӣ буда, дорои маконҳои таърихии зиёд мебошад. Дар ҳудуди он 36 мавзеи таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ як воҳиди кории махсус - нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис ёфтааст, ки  ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангиро дар маҳалҳо назорат мебарад.
- Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёт ва яке аз бахшҳои  сердаромадтарин дар ҷаҳони муосир арзёбӣ гардидааст. Бинобар ин, бо мақсади тараққӣ додани соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҳоло аз ин ҳисоб  ба буҷети кишвар даромади хуб ворид мешавад. Ҳамчунин, рушди соҳа барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ воситаи хубест. Ноҳияи Шаҳринав дар водии хушманзараи Ҳисор  пораест аз сарзамини куҳанбунёди миллати тоҷик. Табиати рангорангаш ба кас ҳаловат мебахшад. Манзараҳои афсунгари кӯҳу пиряхҳо, обу гиёҳҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи нодири он дар наздикии пойтахти кишвар беҳтарин сарчашмаи  ҷалби меҳмонони хориҷӣ  маҳсуб меёбад. Туризми зиёратӣ,  экологӣ, шикору моҳидорӣ ва фаъолияти дигар субъектҳои хизматрасонии соҳаро дар ин ҷо ташкил намудан имкон дорад.  Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, ҶСП "Пансионати муолиҷавии Қаратоғ", мавзеъҳои зебоманзари Пуштимиёна, Патру, Ҳакимӣ, Ойборик, тахти Сулаймон, кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, зиёратгоҳҳои Чашмаи Моҳиёни Хуҷӣ  ва мазори Хоҷа Ҳасан макони беҳтарини сайру саёҳат мебошанд. Кӯли Темурдара дар натиҷаи лағжиши пирях ва кандашавии кӯҳ пайдо шуда, дар баландии 1970 метр аз сатҳи баҳр дар қисмати шимолу шарқии дараи Қаратоғ ва кӯли Париён дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр дар самти  шимолии дараи Қаратоғ ҷойгиранд. Мавзеи зебоманзари Патру дар қисмати дарёи Қаратоғ ҷой гирифта, дар он ҷо оромгоҳи бузургони илму ирфон, чанорҳои бисёрсола, чашмаи табобатӣ ва деҳаи қадима мавҷуданд.  Дар ростои чунин сарватҳои беназир тарғибу  ташвиқ ва муаррифии шоистаи онҳо  дар дохилу хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳими рушди сайёҳӣ  мебошад. Бо ин мақсад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба ноҳия суроғаҳои интернетӣ кушода шудаанд, ки барои пайдо намудани маълумот ба сайёҳон ёрӣ хоҳад расонд. Тибқи маълумот соли ҷорӣ ба нуқтаҳои сайёҳии ноҳия 4500 нафар сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин 3700 нафар сайёҳи дохилӣ ва 800 нафар хориҷӣ мебошад. Дар ин давра, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ марказҳои иттилоотии сайёҳӣ,  ширкати хизматрасонии “Сайри Қаратоғ” ва 5 ҳомстей (хона барои қабули сайёҳон) бунёд ёфтанд, - гуфт Маҳмадлатиф Мирзоев, сармутахассиси шуъбаи рушди соҳаи сайёҳии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1084
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед