порлумон
ПОРЛУМОН. СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ БА ТАСВИБ РАСИД
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» ба тасвиб расид.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 9 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, маблағи умумиии ҷалбгардида 11 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 10 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд ва 1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ташкили механизми устувор ҷиҳати идораи хавфҳои офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани идораи хатарҳои офатҳои табиӣ дар муассисаҳои давлатӣ, таҳияи харита барои сармоягузорӣ ва маблағгузории устувор баҳри идораи хавфҳои офатҳои табиӣ, ҳамчунин, таҳкими низоми идоракунӣ ва таҳсилоти касбӣ пешбинӣ шудааст.
Вазири молия зикр кард, ки яке аз қисматҳои асосии ин лоиҳа баҳисобгирии пиряхҳо омӯзиш ва омода намудани ҳисобот вобаста ба ҳолати пиряхҳо дар кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки он аз дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Зикр гардид, ки бо таҳия шудани харитаи пешгирии ҳолатҳои офатҳои табиӣ ба ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ заминаи устувор фароҳам ва минбаъд барои хариди таҷҳизоту техника баҳри рафъи офатҳои табиӣ равона мегардад. Лоиҳа аз соли 2019 оғоз шуда, соли 2024 ҷамъбаст хоҳад шуд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 1570