logo

иқтисод

ГУЛИСТОН. БОҒШАҲРЕ ДАР СОҲИЛИ “БАҲРИ ТОҶИК”

Шаҳри Гулистонро на танҳо чун маркази саноатӣ, балки зодбуми мардуми соҳибҳунар ҳам  мешиносанд. Дар баробари ин, онро шаҳри сайёҳӣ низ меноманд, зеро соҳили “Баҳри тоҷик” барои истироҳату фароғат беҳтарин мавзеъ шинохта мешавад. Воқеан ҳам, Гулистон боғистони сарсабзу хуррамро мемонад.

Зимни суҳбат Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, иброз дошт, ки баҳри пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 180 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз қабили корхонаҳои тавлидотӣ, хизматрасонӣ, мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо, майдончаҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, кашидани хатҳои обу барқ таъмири ҷорию асосии роҳҳо, ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод, 36 иншоот ба истифода дода шуда, дар дигар объектҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ сехи истеҳсоли риштаи ҶСК “Қолинҳои  Қайроққум” бунёд ёфт, ки 70 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Ин имкон медиҳад, ки 50 дарсади ашёи хом бевосита дар корхона истеҳсол шавад.
Пас аз таъмиру таҷдид дар шаҳраки Адрасмон хонаи маданияти “Дӯстӣ” бо 220 ҷойи нишаст, китобхона ва ҳуҷраҳои ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҷуз ин, воқеаи фараҳбахши фарҳангӣ барои мардум ба истифода додани мактаби санъат буд, ки барои 200 нафар хонанда бо тарҳи зебо бунёд ёфт. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон – 1”, шабакаи обрасонии шаҳр бо харҷи қариб 23 миллион сомонӣ барқарор гашт.
Мавриди зикр аст, ки саноат аз муҳимтарин  соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо корхонаҳои қолинбарорӣ, орд, зарфҳои шишагӣ, масолеҳи бинокорӣ, коркарди пӯст, нӯшокиҳои ташнагишикан, қаннодӣ ва коркарди шир фаъолият доранд, ки дар болоравии иқтидори истеҳсолии мамлакат нақши муҳим мебозанд.  Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои  саноатии шаҳр ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ҷалби сармоя низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки  натиҷаи дилхоҳ ба бор меоварад. То ин давра  ба иқтисодиёти шаҳр наздики 521 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардид, ки 478 миллиони онро сармояи хориҷӣ ташкил медиҳад. Сармояи хориҷӣ, асосан барои  зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин, воридоти технологияҳои  замонавӣ ва таҷҳизоти иловагӣ барои саноати кӯҳкорӣ равона шудааст.  Бояд гуфт, ки дар шаҳр барои беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва барои татбиқи “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Феълан 844 нафар ба соҳибкории хурду миёна машғул аст, ки қариб сеяки онҳо бонувон мебошанд. 
Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ ҳанӯз аз замонҳои шӯравӣ маҳбубияти хосса дошт. Ҳоло соҳаи сайёҳии шаҳр дар ҳоли рушд қарор дорад ва барои истироҳату фароғати сокинони кишвар, инчунин, сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, лагери “Шоҳин”, марказҳои солимгардонии “Усмонҷон” ва “Соҳил”  на танҳо миёни шаҳрвандони мамлакат, балки хориҷиён ҳам маъруфу машҳуранд. Аз ин рӯ, сол ба сол дар минтақаҳои истироҳатии шаҳр шумораи истироҳаткунандагони хориҷӣ  меафзояд. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ наздики 27 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 3764 сайёҳи хориҷӣ, ба табобату истироҳат фаро гирифта шуда, ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ наздики 33 миллион сомониро ташкил дод.
Дар шаҳр ҷиҳати бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ рӯйи кор меоянд. Соли ҷорӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон” меҳмонхона ва коттеҷ ва дар Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” меҳмонхонаи замонавии дуошёна ба истифода дода шуда, дар маркази шаҳр сохтмони меҳмонхонаи сеошёнаи соҳибкор С. Амонов дар арафаи анҷомёбист. Барои муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии Гулистон дар шабакаи Интернет ва телевизионҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ наворҳои хурди таблиғотӣ пахш мешаванд. Ҳамчунин, осоишгоҳу марказҳои табобатӣ дар шабакаи Интернет сомонаи расмии худро таъсис додаанд, ки барои муаррифии бештари он мусоидат менамояд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 906
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед