иқтисод
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ИХТИРОЪКОРӢ
Дар Тоҷикистон танҳо пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ як қатор қонунҳои зарурӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ қабул гардиданд, ки ба пешрафти ихтироъкорию навоварӣ мусоидат намуданд. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба узвияти қариб ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ пазируфта шуд, ки ин барои фаъолияти ихтироъкорону навоварони ватанӣ имкону шароити беҳтар фароҳам овард.
28 майи соли 1993 Маркази миллии патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ҳифзи манфиатҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, инчунин, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат мебошад. Бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» дар ҷумҳурӣ шакли патентии ҳифзи ҳуқуқии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ ба пуррагӣ ҳукми қонунро гирифт.
Шакли патентии ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба эҷодкор (ихтироъкор) дар муддати муқаррарнамудаи қонун гирифтани манфиат- ро кафолат медиҳад. Баъд аз гузаштани муҳлати муқарраршуда ихтироъ ҳамчун дастоварди миллӣ мавриди истифодаи умум қарор мегирад.
Мақоме, ки дар ҷумҳурии мо аз номи давлат ҳуҷҷати ҳуқуқи соҳибмулкро тасдиқ ва ҳаҷми онро муқаррар менамояд. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мебошад. Муассиса дар доираи салоҳияти худ ва коргузории махсус расондани маълумотро оид ба навоварии техникӣ, аз тарафи мақомоти давлатии салоҳиятдор (экспертизаи ихтироот) санҷидани он, ки дар ҳақиқат пешниҳоди мазкур манфиату сатҳи техникӣ дорад ё не ва аз номи давлат додани ҳуҷҷати муҳофизатии махсуси кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои муаллифро таъмин месозад.
Ҳуқуқҳои дорандаи патент ва нахустпатент характери мусбии истисноӣ ва оҷилӣ доранд. Патент, ки ҳифзи ғояҳои беҳамто, нав ва фоидаоварро таъмин менамояд, ба ихтироъкор паноҳгоҳи муваққатиро аз қувваҳои рақобаткунандаи бозорӣ фароҳам меоварад. Ин паноҳгоҳ бо шартҳои мушаххаси формулаи ихтироъ, ки дар патент нишон дода шудаанд, маҳдуд, вале солҳои зиёд боэътимод аст. Асоси системаи патентӣ аз он иборат аст, ки ин паноҳгоҳ ва бартарии рақобатнок ихтироъкориро ҳавасманд менамояд, зеро ихтироъкорон медонанд, ки барои фаъолияти босамар соҳиби мукофоти молиявӣ мегарданд.
Сиёсати фаъоли патентӣ ба истифодаи пурсамари патентҳо ва моҳиятан, ба самару рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд. Дар сурати муносибати дуруст патент чун ҳавасмандсозандаи муҳим барои самаранокии инноватсияҳои миллӣ, тадқиқоту коркардҳо, тавлиди маҳсулоти нав ва бастани созишномаҳо хизмат карда, таъсири мусоиди макро ва микроиқтисодӣ мерасонад.
Сорбони САИДҶАЛОЛ,
коршиноси Маркази миллии
патенту иттилоот
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 879