logo

маориф

ТАЪЛИМ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бартараф намудани мушкилоти дар ин самт мавҷуда аз  масъалаҳое буданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар Паём омадааст: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».
Воқеан ҳам, мактаб чун даргоҳи илму маърифат ва асоси камолоти инсон ба шумор меравад, Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт беш аз пеш тадбирҳои муассир роҳандозӣ намуда истодааст. Дар ин замина, бахусус тайи чанд соли охир, дар саросари кишвар муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди муассисаҳои таълимии навсохт майдонча барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, ошхона ва ҳуҷраи ёрирасон, толори варзиш, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, маҳорати ҳарбӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, биология ва китобхона низ сохта шудаанд. Ин амал, барои хубу беҳтар намудани шароити кории мо - омӯзгорон ва донишандӯзии хонандагон заминаи хубу созгор фароҳам меорад. Хурсандибахш аст, ки ин охири кор нест. Интизор меравад, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд гардад.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём мавриди  баррасии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, ин норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ мебошад. «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро  ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд», - таъкид намудан Президенти мамлакат. Воқеан ҳам, чунин аст. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита ба раванди таълиму тарбия наметавонад таъсир бирасонад.  Ба хотири ҳалли ин мушкилот Пешвои миллат Вазорати маориф ва илмро муваззаф намуданд, ки ба фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон боз ҳам тақвият бахшад.
Иҷрои ин ва дигар дастуру  супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳа саҳми назаррас гузошта, боиси боло рафтани сифати таълиму тарбия мегардад.
Мунира ДАВЛАТШОЕВА,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 1165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед