иқтисод
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ
Абдураҳмон НАЗИРМАТОВ,
устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон:
- Боиси хурсандист, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом албатта ба ҳама соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшад ва ба ҳар як шахси ҳунарманд имкон медиҳад, ки худтадбиқкунии ҳунари хешро амалӣ намояд. Зеро мусаллам аст, ки танҳо бо эҳё намудан, қадр ва ба насли оянда мерос мондани фарҳангу ҳунарҳои миллӣ миллат обрӯю эътибор меёбад.
Барои муаррифии бештари ҳунарҳои миллӣ талошҳои пайваста заруранд. Ҳоло барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳунармандӣ тамоми шароит фароҳам аст.
Муҳаббат САИДЗОДА,
раиси суди ноҳияи Шаҳринав:
- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, дастурест, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар он, пеш аз ҳама, роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, ташкилу омода ва бакордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорон, пешгирӣ ва таваққуф кардан аз ҳама гуна исрофкорӣ муайяну нишон дода шудааст. Ва ҳамаи ин корҳо ба хотири фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми кишваранд.
Бахтиёр САФАРЗОДА,
сардори муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»:
- Боиси хурсандист, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом моро водор менамояд, ки дучанд фаъолият намоем. "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот" асосан аҳолии деҳоти ҷумҳуриро бо оби нӯшокии босифат таьмин менамояд. Дар заминаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» то имрӯз 64 лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳоти кишварамон пешниҳод гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи наздик на танҳо маркази шаҳру ноҳияҳо, балки деҳоти ҷумҳурӣ рушду нумӯ карда, ободу зебо мешаванд. Паём аз ин башорат медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2018 №: 259 Мутолиа карданд: 952