logo

маориф

ЗАБОНДОНӢ. САТҲИ ДОНИШИ ҶАВОНОНРО БАЛАНД БАРДОРЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро муҳим арзёбӣ карда, равона намудани таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд. 
Воқеан ҳам, тавре аз Паём бармеояд, дар самти татбиқи «Барномаи  давлатии  такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, он қадар ҳам қонеъкунанда нест. Ин ҳолатро дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷиҳати ислоҳи ин вазъият раёсати маорифи вилоят тадбирҳои мушаххасро рӯи кор овард. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018 - 2019 дар 928 муассисаи таълимии вилоят 3237 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 2840 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 114 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 54 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ зиёд мебошад.
Соли 2018 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 141 нафар хатмкардаи мактабҳои олӣ аз фанни забони русӣ ва 166 нафар аз фанни забони англисӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор фиристода шуданд.  93 нафар аз фанни забони русӣ ва 97 нафар аз фанни забони англисӣ мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Инчунин, баҳри такмили  ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ 45 кабинети махсус амал мекунад. Вале, ин ҳама тадбирҳои роҳандозишуда  ҳанӯз моро қаноатманд намекунанд.
Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем.  Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароитҳои мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд. 
Осим КАРИМЗОДА,
сардори раёсати маорифи вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 980
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед