logo

маориф

ДЕҲОТ. БУНЁДИ 1050 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА УМУМӢ

Инкишофи таҳсилоти томактабӣ дар шумори масъалаҳое буд, ки дар баробари дигар зинаҳои таҳсилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соҳаи маориф яке аз бахшҳои  асосӣ, яъне зинаи аввали таълиму тарбия ба шумор меравад. Аммо, мутаассифона, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он  93 ҳазор кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Албатта, барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар марказҳои инкишофи кӯдакон низ амал мекунад. Бо вуҷуди ин, дар самти фаро гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо мушкилӣ дорем. Ҳиссаи хеле ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шудаанду ҳолат беҳбудиро тақозо мекунад.
Ҳоло бинои 141 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар  вилояти Суғд 73, Хатлон 33, шаҳри Душанбе 23 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 кӯдакистон барои фаъолияти дигар соҳаҳо истифода мешаванд.
Бо мақсади ба таҳсили томактабӣ пурра фаро гирифтани кӯдакон соли 2014 Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» - ро қабул намуд, ки тибқи он мақомоти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм бояд ҳамасола теъдоди муайяни муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ бунёд намоянд. Вале барнома то имрӯз ҳамагӣ 14,3 дарсад иҷро гардидааст.
Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр карданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки сохтмони қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат дар робита ба масъала, ҳамчунин, сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, ки барои ҳалли мушкил чораҳои зарурӣ андешанд: «Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ  ва то соли 2021 ба 30 дарсад расондани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд». Дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои ҳалли мушкили норасоии муассисаҳои томактабӣ доданд, дар рушди ин зинаи таҳсилот нақши созгор хоҳанд гузошт.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед