logo

иқтисод

ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ БА СӮИ РУШДИ САНОАТ

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.    

Истиқлол дар мамлакат чун як шаҳри ҷавон бо дурнамои мусаффои саноатӣ муаррифӣ мешавад. Пешвои муаззами миллат соли 2017 дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд ба шаҳри Истиқлол ташриф оварданд ва зимни ифтитоҳи бузургтарин корхонаи металлургӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори тавлиди 50 ҳазор тонна руҳ, 50 ҳазор тонна сурб ва таъсиси зиёда аз 300 ҷойи нави корӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дорои тамоми шароит ва захираҳои ақлониву табиист,  то дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари рушдёфтаи саноативу аграрӣ табдил ёбад.
Ҳоло дар шаҳри Истиқлол ҷиҳати рушди воқеии  соҳаи саноат дар масоҳати қариб 70 гектар минтақаи саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар ояндаи наздик ин ҷо боз  силсилаи коргоҳҳои тавлидотӣ бо муҳайё кардани  зиёда аз 1200 ҷойи нави корӣ бунёд хоҳанд шуд. Яъне, дар ояндаи начандон дур Истиқлол ба шаҳри рушдёфтаи иқтисодӣ бо саноати истеҳсолии рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки то фарорасии Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз қабили истеҳсоли оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сабикаҳои мисӣ, оҳак, маҳсулоти ширӣ мавриди истифода қарор дода шаванд. Ҳамзамон, тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни зарурӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Амалӣ гаштани ин иқдому тасмимҳо шароит фароҳам меоварад, ки яке аз масоили мубрами иҷтимоӣ -  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳаллу фасл шуда, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ  ба куллӣ коҳиш ёбад.
Бешубҳа, муваффақ шудан ба саноатикунонӣ чун ҳадафи чоруми миллӣ ва гузариш аз рушди аграрӣ ба саноатию аграрӣ имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ҷаҳон чун давлати содироткунанда бо номгӯйи зиёди маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муаррифӣ шавад.
Худойназар  АМОНЗОДА, 
раиси шаҳри Истиқлол


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед