logo

маориф

МАОРИФ. ИСЛОҲОТ ВА ПЕШРАФТ

Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро ба илму дониш асос ёфтааст. Илму дониш бошад, пайваста рушд меёбад, аз ин рӯ, бо иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат соҳаи маориф пайваста дар инкишоф аст. Дар зарфи беш аз чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо барои рушди соҳаи маориф чораҳои зиёде андешида шуданд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони илму маориф ва стипендия то 15 дарсад баланд бардошта шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат таъкид гардид, ки дар асоси барномаҳои қабулгардида барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд. Бо назардошти сарчашмаҳои иловагӣ дар Буҷети давлатӣ солҳои минбаъда низ, идрорпулии донишҷӯён, маош ва нафақа баланд бардошта мешавад.
Дар Паёми навин, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам ва то соли 2021 ба 30 дарсад расондани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин гардад. Дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати донишро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба миён гузошт. Дар радифи Вазорати маориф ва илм, Хадамоти назорат дар соҳаи маориф, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятиро вазифадор намуданд, ки назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзӯр намоянд.
Пешвои миллат оид ба проблемаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва аз аттестатсия гузарондани ҳамаи кормандон дар ҳар се сол як маротиба ва тақвияти фаъолияти курсҳои такмили ихтисос масъалагузорӣ намуданд. Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбӣ, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ нақши бузург дорад.
Масъалагузории Пешвои миллат дар Паём оид ба аз аттестатсия гузарондани ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият хеле ба маврид мебошад. Зеро тавассути аттестатсия дараҷаи тахассус, қобилияти иҷрои вазифа ва мувофиқат кардани имконияти ҷисмонӣ, синнусолӣ ва фитрии омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, зарурати такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва вазифавӣ, беҳтар гардондани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот муайян карда мешавад.
Бешак, аҳли маориф дар амалӣ гардидани ҳадафҳои некбинонаву раъиятпарваронаи Пешвои миллат саҳм мегузоранд ва бо дарки амиқ рисолати хешро содиқона иҷро менамоянд.
Одиназода Рамазон Сафар,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 1002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед