logo

маориф

ДИЛБАР ШОЕВА – ОМӮЗГОРИ СОЛ

Дар даври ниҳоии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2018” Дилбар Шоева, омӯзгори гимназияи № 74 - и шаҳри Душанбе пирӯз гардид. Ғолиби озмун бо диплом, мукофоти пулӣ ба маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадр гардид.

Дар озмуни мазкур 5 нафар: Мунира Куканбекова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 - и шаҳри Хоруғ, Бахтовар Ҳукумов, омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии № 1 - и шаҳри Бохтар, Муродҷон Ҳайдаров, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилбар Шоева, омӯзгори фанни таърихи гимназияи № 74 - и шаҳри Душанбе ва Ҷонибек Сафаров, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 - и ноҳияи Варзоб иштирок намуда, дар 7 самт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.
Маросими ҷамъбасти озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев ва Латофат Назирӣ, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт.
Ғолиби озмун андешаҳояшро чунин изҳор дошт: “Вақте кас мақсад мегузораду барои расидан ба он азму талош мекунад, ҳамин, аллакай, музаффарият аст. Ҷодаи камолоти инсон сарҳад надорад. Тазаккур медиҳам, ки пирӯзии ман дар ин озмун пирӯзии устодону ҳампешагонам ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумату давлат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маориф ва ҷойгоҳи муаллим аст”.
Инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи вазорат ва иттифоқҳои касабаи кормандони соҳа қадр шуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед