logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ ВА НАҚШИ ТАШКИЛОТҲОИ МОЛИЯВИЮ ҚАРЗӢ ДАР РУШДИ ОН

Беҳтар намудани низоми  бонкии кишвар яке аз масъалаҳои муҳимтаринест, ки  дар Паёми нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр ёфт.  Тавре Президенти мамлакат таъкид доштанд, низоми бонкӣ дар роҳи таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва пайдо кардани манбаъҳои иловагии даромади Буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад.

Давоми  11 моҳи соли гузашта аз ҷониби бонкҳои кишвар ба соҳибкорон ва аҳолӣ 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ  201 миллион сомонӣ ё 3 дарсад  зиёд мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат барои дастрасии соҳибкорон ба манбаъҳои молиявии арзон давоми се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 дарсад афзоиш ёфт. Илова ба ин, барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ, бавижа соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардондани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони бахши бонкдорӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ба сохторҳои дахлдор аз ҷониби Сарвари давлат дастурҳои мушаххас дода шуданд.  Аз ин бармеояд, ки фаъолияти бонкҳо ҳамчун омили рушди иқтисоди кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифта, пайваста дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд, зеро фаъолияти дурусти ташкилотҳои молиявию қарзӣ  пешрафти соҳибкориро таъмин хоҳанд намуд. 
 Бахтиёр ҚУРБОНОВ,
донишҷӯи факултети молия ва қарзи ДДМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед