logo

ҳуқуқ

ПАЁМ АСОСҲОИ ДЕМОКРАТИИ РУШДИ ДАВЛАТРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Паём бо назардошти таҳлили вазъи сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқии сол ба шумор рафта, диду назари созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатро оид ба афзалият ва самту шартҳои пешрафти давлату ҷомеа ифода намуда, фарогири пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба такмили низоми идораи давлатӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат ба амалишавии принсипи демократии пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муаррификунандаи кафолати озодиву амалишавии ҳуқуқи шахс таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд: «Тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо - роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо». Чунин нуқтаи назари демократӣ ва моҳияти масъалагузории Президенти мамлакат шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор танҳо бо мақсади риоя ва эҳтироми принсипи соҳибихтиёрии халқ ва таъмини иштироки бевосита ё бавоситаи халқ дар баамалбарории ҳокимияти давлатӣ равона гардида, ягон манфиат ва дороӣ наметавонад арзишҳои олии инсонӣ ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро халалдор созад. 
Бо назардошти аҳамияти таърихии волоияти қонун дар рушди давлатдории навин, дар фазои ҳуқуқии кишвар мунтазам оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар такя ба муқаррароти Конститутсия 9 апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019 тасдиқ шуд.
Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда  барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, алалхусус ҷавонони мамлакат, мусоидат намуданд. 
Пешвои миллат дар Паёми худ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолиро омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун номида, аз ҷумла зикр доштанд: «Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад».
Дурнамои иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат дар ин самт барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расондани насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстии онҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон дар идораи давлатӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин, бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.
Итминон дорем, ки қабул ва татбиқи барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва такмили сохтори судӣ мусоидат хоҳад кард.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед