logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180; с. 2015, № 11, мод. 954; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, № 1, мод. 7, № 7 - 8, мод. 523), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 15:
- ба қисми 1 баъд аз калимаи «шакли» калимаи «фармон,» илова карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Санади судие, ки суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба рӯёнидани маблағи пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор мутобиқи талаботи пешбининамудаи моддаи 1232 Кодекси мазкур  қабул намудааст, фармон номида мешавад.»;
- дар қисми 5 калимаи «Ҳалнома,» ба калимаҳои «Фармон, ҳалнома,» иваз карда шавад;
- қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 95 ҷумлаҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Шахсе, ки аз рӯи аризаи ӯ таъинот дар бораи тадбирҳои таъминотӣ қабул шудааст, ӯҳдадор аст  таъинотро ба ҳамаи шахсони манфиатдори ба ӯ маълум, аз ҷумла бо роҳи ба қайд гирифтани огоҳинома дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда расонад. Маълумот оид ба тағйир ё бекор кардани тадбирҳои таъминотӣ ба ҳамаи шахсони манфиатдор бо тартиби муайяншуда расонида мешавад.».
3. Ба фасли I боби 121 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«БОБИ 121. ФАРМОН
Моддаи 1231. Фармон
Суди марҳилаи якум дар асоси ариза оид ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ ё талаб карда гирифтани молу мулки манқул аз қарздор тибқи талаботи пешбининамудаи моддаи 1232 Кодекси мазкур фармон  қабул менамояд.
Моддаи 1232. Талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда мешавад
Фармон дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад, агар талабот:
- ба аҳдҳои ба таври нотариалӣ тасдиқгардида асос ёфта бошад;
- ба аҳди дар шакли оддии хаттӣ басташуда асос ёфта бошад;
- ба эътирози содирнамудаи нотариус нисбат ба вексел оид ба напардохтан, аксепт ва санагузорӣ нашудани аксепт асос ёфта бошад;
- дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқул, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда  бошад.
Моддаи 1233. Пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар бораи қабули фармон тибқи қоидаҳои умумии тобеияти судии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур  ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Барои пешниҳоди ариза дар бораи қабули фармон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар ҳаҷми панҷоҳ фоизи андозае, ки барои аризаи даъвогӣ дар қонун пешбинӣ шудааст, боҷи давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 1234. Шакл ва мазмуни ариза дар бораи қабули фармон
1. Ариза дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ариза бояд маълумоти зерин зикр гардад:
- номи суде, ки ба он ариза пешниҳод шудааст;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кредитор;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор;
- талаботи кредитор ва ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснокии талаботи кредитор;
- номгӯи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашуда.
3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кофӣ мебошад ва арзиши он зикр гардад.
4. Аризаро кредитор ё намояндаи ӯ, ки дорои ваколати дахлдор мебошад, имзо мегузорад. Ба аризаи пешниҳоднамудаи намоянда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати ӯ замима гардад.
Моддаи 1235. Асосҳо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармон
1. Судя мутобиқи асосҳои пешбининамудаи моддаҳои 1261 ва 128 Кодекси мазкур  метавонад аризаро дар бораи қабули фармон баргардонад ё  қабули онро рад намояд.
2. Судя инчунин дар ҳолатҳои зерин қабули аризаро метавонад рад намояд, агар:
- талабе пешниҳод шуда бошад, ки моддаи 1232 Кодекси мазкур  пешбинӣ накарда бошад;
- маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи талаби пешниҳодшуда пешниҳод нагардида бошанд;
- аз ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда муайян гардад, ки оид ба ҳуқуқ баҳс мавҷуд аст.
3. Судя дар хусуси рад намудани қабули ариза ё баргардонидани он дар давоми се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд таъинот қабул карда, нусхаи онро дар мӯҳлати на дертар аз ду рӯз ба кредитор ирсол менамояд.
4. Кредитор нисбат ба таъинот дар бораи рад намудани қабули ариза оид ба қабули фармон ё баргардонидани он дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи он метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 1236. Беҳаракат монондани ариза дар бораи қабули фармон
1. Судя, агар муайян намояд, ки ариза ба суд бе риояи талаботи қисми 2 моддаи 1233 ва моддаи 1234 Кодекси мазкур  пешниҳод шудааст, дар хусуси беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва дар ин хусус шахси пешниҳоднамудаи аризаро огоҳ намуда, ба ӯ барои ислоҳи норасоиҳо панҷ рӯз мӯҳлат медиҳад.
2. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати муқарраршуда супориши судяро, ки дар таъинот номбар шудааст, иҷро кунад, ариза аз рӯзи пешниҳоди ибтидоии он ба суд пешниҳодшуда эътироф мегардад. Дар акси ҳол ариза пешниҳодшуда ба ҳисоб намеравад ва бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимагардида ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
3. Нисбат ба таъинот дар бораи беҳаракат монондани ариза дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани нусхаи таъинот кредитор метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 1237. Тартиби қабули фармон
1. Фармон оид ба моҳияти талаботи пешниҳодшуда дар мӯҳлати се рӯз аз рӯзи воридшавии ариза ба суд, дар сурати беҳаракат монондани ариза бошад, пас аз ислоҳи норасоиҳо дар ҳамин мӯҳлат қабул карда мешавад.
2. Фармон бе муҳокимаи судӣ ва бе даъвати тарафҳо барои шунидани баёноти онҳо қабул карда мешавад.
Моддаи 1238. Муҳтавои фармон
1. Дар фармон маълумоти зерин зикр мегардад:
- рақами парванда ва санаи қабули фармон;
- номи суд, насаб, ном ва номи падари судяе, ки фармон қабул кардааст;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кредитор;
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор;
- номи қонуне, ки дар асоси он талабот қонеъ гардонида мешавад;
- ҳаҷми маблағе, ки бояд рӯёнида шавад ё ишора ба молу мулки манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кофӣ мебошад;
- ҳаҷми ноустуворона, агар рӯёнидани он мутобиқи қонун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад;
- маблағи боҷи давлатие, ки бояд аз қарздор ба манфиати кредитор ё ба буҷети дахлдор рӯёнида шавад.
2. Фармон дар бланки расмӣ дар шакли аслӣ ва нусхаҳои он мутобиқ ба шумораи кредитор ва қарздорон тартиб дода шуда, ба он судя имзо мегузорад ва бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 1239. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
2. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани  молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро  мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз  гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани  рӯёнидан муроҷиат намояд.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор,  фармон  дар бораи рӯёнидани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.
Моддаи 12310. Бекор кардани фармон
1. Агар аз қарздор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 1239 Кодекси мазкур  норозигӣ оид ба фармон ворид гардад, судя  фармонро бо қабули таъинот бекор мекунад.
2. Судя дар таъиноти бекор кардани фармон ба ситонанда ё кредитор тавзеҳ медиҳад, ки талаботи пешниҳодшуда мумкин аст тибқи тартиби мурофиаи даъвогӣ пешниҳод карда шавад.
3. Нусхаи таъинот оид ба бекор кардани фармон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи баъди қабули он ба тарафҳо фиристода мешавад.
4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад.
Моддаи 12311. Ба ситонанда ё кредитор супоридани фармон
1. Агар дар мӯҳлати муқарраргардида аз қарздор ба суд норозигӣ ворид нагардад, судя ба ситонанда ё кредитор фармонро, ки бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардидааст, ҷиҳати пешниҳод барои иҷро месупорад.
2. Ҳангоми аз қарздор ба манфиати буҷети дахлдор рӯёнидани боҷи давлатӣ дар асоси фармон варақаи иҷро дода мешавад, ки он бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ гардида, аз тарафи суд барои иҷро дар ҳамин қисм ба иҷрочӣ супорида мешавад.
3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун  таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор медиҳад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи қисми 3 моддаи 1239 ҳамин Кодекс  мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1560


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, № 1201


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,   25 декабри соли 2018, № 584


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед