logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МАРГ  Ё  МИННАТ?
Арбоберо барои иштибоҳаш, бо ҳукми қозӣ ба зиндон андохтанд ва мебоист рӯзи дигар назди омма ба дор овехта шавад. Ғуломаш, ки аз воқеа бохабар буд, нақбе аз берун то ба даруни зиндон канд ва хоҷаашро нимашаб раҳо кард. Чун андаке аз шаҳр берун шуданд, ғулом гуфт:
- Хоҷа, тасаввур кунед, ки агар ман намебудам, ҳоло шумо дар зиндон васиятнома навишта истода будед.
Хоҷа бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:
- Сипосгузорам, хидмататро ҷуброн хоҳам кард.
Вақте ба деҳа наздик шуданд, ғулом боз садо баланд кард:
- Агар ман намебудам, аз ҳавои озодӣ нафас кашиданатонро Худо медонист…
Хоҷа гуфт:
- Сипосгузорам, ҳатман, инро ҳам ҷуброн мекунам.
Чун ба хона ворид гаштанд, хоҷа фарзандонро наздаш хонд ва бо меҳрубонӣ аз сару пешонаашон бӯса мезад, ки ғулом дигарбора гуфт:
- Хоҷа, тасаввур кунед, агар ман намебудам, бо пайвандон ҳатто видоъ карда наметавонистед.
Хоҷа гуфт:
- Шукри беҳад, албатта,  ҷуброн мекунам!
 Ниҳоят, вақте сари дастархон нишастанд, ғулом лаб ба сухан кушодан хост, вале хоҷа боздошташ ва гуфт:
- Беҳтараш бархез ва ба хонаи худ бирав ва ман баргашта, худро таслим мекунам! Агар сар ба дор шавам, як бор хоҳам мурд, вале агар зинда монам, бо миннате, ки ту мекунӣ, ҳар рӯз пеши чашмат ҳазорон бор куштаву зинда хоҳам шуд.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
Таърих собит намуда, ки занҳо тамоми давру замон дар пешбурди сиёсат ширкат варзида, баъзе ҳолатҳо раванди таърихро низ, дигаргун сохтаанд.
Аз занҳо гоҳо ифтихор мекарданду баъзан метарсиданд, ҳатто баъзеашонро ба ҷодугарӣ гунаҳгор месохтанд. Аммо, бо вуҷуди ин, бонувони мардсифат тавонистанд дар ҳаёти  инсоният нақши созгор гузоранд ва дар таърих номашон ҷовидон боқӣ монад. Киҳоянд ин занҳо? Ба ин савол аз рубрикаи нави «Шоми шанбе» посух пайдо хоҳед кард.

КЛЕОПАТРА
«Беҳамто».  Маликаи охирини намояндагони сулолаи Птолемейҳоро  маҳз ҳамин тавр метавон ном бурд. Номи ин зани сиёсатмадор ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш миёни Мисриён афсона гардида буд. Клеопат-ра бо чанд забон ҳарф зада, мақсадашро озодона баён месохт. Аз уҳдаи навохтани чандин асбоби мусиқӣ низ хуб мебаромад. Хуллас, зани бомаърифати зебо буду лаҳни ширину гуворо дошт. Ба ҳамин хотир, Юлий Сезар баробари як дидан ошиқи шайдояш шуд.
Таърихнигорон бар ин ақидаанд, ки  Клеопатра бо шарофати сеҳри занона ва санъати хуби дипломатӣ тавонист давоми 20  сол истиқлолияти Мисрро аз асорати Рим нигоҳ дорад. Агар кӯшишҳои ӯ намебуд, кишвар дар оташи ҷанг ба хок яксон мегардид. Маҳз ба ин хотир, Клеопатраро  таърих чун маликаи соҳибҷамолу закӣ дар хотир дорад.
Таҳияи Фарзона  ФАЙЗАЛӢ


ЭЙФЕЛ ЯК ДИДИ АҶИБ
Мо медонем, ки бештари мардуми дунё орзуи сафар ба Парижи афсонавӣ ва дидани манораи муҳташами Эйфелро дар дил мепарваранд. Аммо аз замони оғози сохтмони он буданд нафароне, ки на танҳо зидди бунёди Эйфел, балки пас аз қомат афрохтанаш низ чашми дидани онро надоштанд.
Яке аз онҳо адиби номвари Фаронса Ги де Мопассан буд. Ӯ аввалин шуда, зидди сохтмони он раъй дод ва тавассути эътирознома ба шаҳрдорони Париж муроҷиат кард, ки аз бунёди он даст кашанд.
Аҷибтар аз ҳама он аст, ки баъди бунёд шудани Эйфел Ги де Мопассанро мардум бештар дар дохили бино, аниқтараш дар тарабхонаи «Жюл Верн» медиданд. Рӯзе аз ӯ пурсиданд: «Яке аз сарсахтони сохта нашудани ин бино будед, чаро ҳоло ин ҷоед?». Адиб ҷавоб дода буд: «Дар Парижи муҳташами мо ягона ҷое, ки аз он Эйфелро дидан мумкин нест, дохили худи Эйфел аст».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

МУАММО
Ҷамшед, ки дар Душанбе истиқомат дошт, хост бо дӯсташ Субҳон, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритуз, ба саёҳат бароянд. Онҳо ба як  қарор омаданд, ки бо дучарха дар як вақт аз ҷойи истиқоматашон ба роҳ бароянд ва то бо ҳамдигар вохӯрдан ҳаракат кунанд.
Агар Ҷамшед бо суръати миёнаи 40 километр дар як рӯз ва Субҳон бо суръати миёнаи 30 километр дар як рӯз ҳаракат кунанд, онҳо баъди чанд рӯз бо ҳам вомехӯранд?
Хотиррасон менамоем, ки масофаи байни Душанбе ва Шаҳритуз 210 километрро ташкил медиҳад.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Хатоҳоятро ҳама вақт ва рӯирост ба роҳбар бигӯ. Ин хислат бовари  ӯро нисбат ба ту даҳчанд меафзояд ва барои содир кардани хатоҳои нав роҳ мекушояд.
***
Инсон дар рӯи Замин ягона махлуқест, ки метавонад ранг гардонда, сурх шавад, агар барои ин сабаб дошта бошад.
***
«Классикӣ» китоберо гӯянд, ки ҳама васф мекунанд, вале касе намехонад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ДУГОНИКҲО АЗ ҲАМ ҶУДОВУ БО ҲАМ
Таърихи ба дунё омадани ин дугоникҳо касро ба ҳайрат меорад. Онҳо аз иёлати Огайои Амрико мебошанд. Пас аз таваллуд волидонашон вафот карда, кӯдаконро оилаҳои гуногун ба фарзандӣ қабул месозанд.
Ба ҳар ду Ҷеймс ном мегузоранд. Бародарон калон мешаванду аз мавҷудияти якдигар бехабар  маълумоти ҳуқуқшиносӣ мегиранд. Ҳар ду ба расмкашӣ ва дуредгарӣ майл доштанд.
Хонадор мешаванд. Арӯси ҳар дуяшон  Линда ном дошт. Ҳар ду соҳиби писар мешаванд. Бародари калонӣ номи писарашро Ҷеймс Алан, хурдӣ ҳам ҳамин тавр ном мегузорад.
Ҳар ду аз оилаҳояшон ҷудо мешаванд, дуюмбора зан мегиранд. Ин дафъа номи завҷаҳояшон Бетти. Ҳар ду саг доштанд, номи сагҳояшон ҳам якхела – Той…
Оқибат, вақте бародарон ба ҳамдигар вохӯрданд, чилсолӣ доштанд. Худашон низ дар ҳайрат буданд, ки чи хел зиндагиашон то имрӯз бо ҳам монанд сурат гирифтааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ ва асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.

«Гарри Потер ва санги фалсафӣ»
Тӯли 7 сол,  ҳини эҷоди асари «Гарри Потер ва санги фалсафӣ» нависандаи англис Ҷоан Роулинг ба шикастҳои гуногуни ҳаёт дучор гардид. Аммо парокандагии оила ва мушкилоти ҳаёт натавонистанд рӯҳи ин зани эҷодкорро шикананд. Баробари ба чоп расидани асар Роулинг худро чун як нависандаи муваффақ, зани хушбахт ва ягона адиби миллиардер ба оламиён муаррифӣ кард.
Китоби «Гарри Потер ва санги фалсафӣ» бозгӯи силсилаи саргузашти  писарбачаи афсункор мебошад, ки бо санъати баланд иншо гардида, завқи хонандаро бедор мекунад. Ин асари шавқовар ҳаводорони сершумор дошта, то имрӯз 107 миллион нусхаи он харидорӣ шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


РАНГИНКАМОН Ё ПУЛ
Рейнбой - бриз (пули рангинкамон) - муҷассамаи миллӣ ба ҳисоб рафта, дар кӯли Пауэлли иёлати Ютаи ИМА воқеъ гардидааст. Он аз хокаи сурх бунёд ёфтааст.
Масоҳати байни пояҳояш 82,3, баландиаш то ба 88,4 метр мерасад, ки аз муҷассамаи "Озодӣ" ду баробар бузургтар аст. Ин рангинкамон барои ҳиндуҳои маҳаллӣ ҷойи муқаддас ба шумор меравад. Дар як сол онро қариб 300 000 нафар тамошо мекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ИМЗОИ ҚАРОРДОДИ ТАЪРИХӢ ДАР "САЛФЕТКА"
Дар порчаи начандон калони дастпоки коғазин (салфетка) яке аз асноди муҳимтарини таърихи футбол – қарордоди аввалини Месси бо «Барселона» инъикос гардидааст.
Он замон Леонел суперситораи футбол набуд, вале чун футболбози умедбахш ба назар мерасид. Роҳбарияти бошгоҳи «Барселона» ҷиҳати пардохти харҷи калон ба тарбияи навраси 13-сола сахт дар шубҳа буд ва кор то ба ултиматум кашида шуд, ки таърихи футболро рӯгардон намуд.
Дар тамрини аввалин Леонел ба майдон баромада 6 гол зад. Мураббиён маҳорати бозигарии ӯро дида дар ҳайрат монданд, вале бидуни Карлес Решак, директори варзишии клуб тасмим  гирифта наметавонистанд. Бо омадани Решак Мессиро ба озмоиши ҷиддӣ тайёр намуданд ва дар бозӣ бо писарбачаҳои 15 - сола гузоштанд. Аргентинии хурдакак он қадар пурқувват ҳунарнамоӣ кард, ки ду мураббии дастаҳои хурдсолон Рифе ва Мигели бо як овоз гуфтанд: «Мо бояд ӯро бигирем. Фавран».
14 декабри соли 2000 Гаджоли ва Решак пас аз тамрин вориди қаҳвахонаи клуб шуданд ва ба онҳо Хосеп Мария Мингелия яке аз саҳмдорони «Барселона» низ, ҳамроҳ шуд. Орасио Гаджоли агенти аврупоии Месси ултиматум гузошт: «Бояд Леонел дар «Барселона» бозӣ кунад, вагарна ба тими дигар гузаштанаш мумкин, алалхусус, ба «Милан». Аз он ки дар даст коғаз надоштанд Карлес Решак дар салфетка қарордодро ба имзо расонд.
Ҳуҷҷати таърихӣ дар дасти Гаджоли, ки баъдан ба Андора омадааст дар сейфбонк маҳфуз мебошад. Барои харидани ин салфетка ба вай борҳо занг задаанд, вале ҷавоб якто буд: «Он фурӯхта намешавад». Ҷояш як гӯшаи махсуси музейи  «Барселона» бо «Тӯбҳои тиллоӣ» - и Леонел мебошад.
Тибқи назари роҳбарияти клуб шартнома оид ба дарёфти салфетка махфӣ мебошад. «Барселона» онро то замоне, ки Месси футболбозӣ мекунад ба маъраз намегузорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


КИЛОКАЛОРИЯҲО
Мо онҳоро чӣ тавр харҷ менамоем?
(дар 0, 5 соат)
* Хоб  – 20
* Гуфтугӯ бо телефон  – 40
* Косашӯӣ – 50
* Сайругашт – 62
* Либосшӯӣ  – 60-120
* Дарзмолкунӣ  – 70
* Хӯрокпазӣ – 75
* Китобхонӣ бо овози баланд – 90
* Фаршшӯӣ – 130
* Полизобмонӣ  – 160
* Замбӯруғчинӣ  – 182
* Кӯдакбонӣ – 190
* Барфтозакунӣ  – 220
* Велосипедронӣ – 250
* Тирезашӯӣ  – 280.
Таҳияи Умар АЛӢ


НИГОҲИ ДИГАР
Беттии амрикоӣ    дӯстдори  олами ҳайвонот   аст.  Шавҳари вай -   Джок Лесли Мелвили шотландӣ   ҳам  ҷонваронро дӯст медошт.  Замони дар ҳаёт будани   Джок      зиндагиро  дар   хоҷагии   ҷангал   ихтиёр намуданд.  Шавҳари  Бетти аз  ашрофзодаҳо   ва  марди сарватманд буд.  Ӯ барои парастории ҳайвоноти ваҳшии  таҳти  хавфи нобудшавӣ қарордошта   хоҷагии    начандон дур аз  шаҳри Найробии  Кенияро   харидорӣ намуд.   Тамоми умрашро ба ин машғулият  сарф  намуда, нахустин     парваришгоҳи   ҳайвоноти ваҳширо  бунёд сохт.  Инчунин, аз ҳисоби сармояи шахсӣ   фонди африқоии  дастгирии ҳайвоноти ваҳширо таъсис дод.    
Имрӯзҳо Бетти дар  мавзеи   истиқоматии хеш   барои қабули  сайёҳон  макони будубоши  муваққатӣ ташкил кардааст. Сайёҳоне, ки  мехоҳанд  бо олами  ҳайвонот   ошноӣ пайдо намоянду   фароғати худро хушҳолона гузаронанд,  ба ин кишвар ташриф меоваранд. 
Онҳо  метавонанд ҳангоми хӯроки нисфирӯзиашон    бо  зарофаҳои   ротшилдӣ  шинос шаванд. 
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА


НАВРАСЕ, КИ ҶАҲОНРО ДАР ҲАЙРАТ ГУЗОШТ
Дар асоси як тадқиқот сердаромадтарин YouTube - блогер муассиси шабакаи  Ryan Toys Review навраси 8 - сола Райан эътироф гардид. Дар ин бора маҷаллаи  “Forbes” хабар додааст. Даромади ӯ дар як сол 22 миллион долларро ташкил дод. Бояд гуфт, ки шабакаи Райан 17 миллион муштарӣ дорад.
Ӯ шабакаи худро соли 2015 таъсис дода, ҳамарӯза наворҳои нав пахш мекунад. Боиси зикр аст, ки моҳи ноябр навори “Huge Eggs Surprise Toys Challenge”-ро дар портали “YouTube” 1,6 миллиард маротиба тамошо карданд.
Оилаи Райанҳо шартномаҳои рекламавӣ ба имзо расонда,  ҳамчунин, як қатор номгӯи бозичаҳо ва либосҳоро бо номи “Ryan's World” истеҳсол мекунанд.
Таҳияи Комрон САФАР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Оқибати бозии бобою набера
Марди 65 – солае бо дастҳои кишанбаста ба минтақаи пулиси Нойс омада, хоҳиш намуд, ки завлонаи дасташро кушоянд. Албатта, сардори пулисҳо сабаби занҷирбанд шудани мардро пурсид. Ӯ гуфт: «Бо набераам саҳнаи ҷанги роҳзанҳоро бо пулис бозидам. Вай ба дасти ман завлона зад. Баъд маълум гашт, ки дар рафти бозӣ калидро гум кардааст». Аммо дар пулисгоҳ низ ба вай мадад расонда натавонистанд. Зарур омад, ки аз ёрии кумитаи ҳолатҳои фавқулода фоида баранд. Кормандони ин ниҳод «маҳбуси бечора» - ро озод карданд.  
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
тарҷума аз русӣ


4 СОҲИЛИ ЗЕБОИ ДУНЁ
2. Соҳили Сейшал дар қисмати Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Ин макон ҳамчун дуюмин соҳили  зебои ҷаҳон маъруф гардидааст.  Табиати он барои истироҳат мувофиқ мебошад ва манзараҳои ҷаззобу ҷолиб дорад. Бавижа, манзараҳои нотакрораш барои аксбардорӣ бисёр мувофиқ буда, аз ҳамин ҷиҳат таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед