logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАМҒАҲОИ МОЛӢ ВА ТАМҒАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 167; с. 2012, №7, мод.708) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи «дархост» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми сеюми моддаи 3 калимаи «ҷорӣ» ба калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, калимаи «мақомоти» хориҷ карда шавад.
4. Қисми сеюми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бе иҷозати соҳибҳуқуқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти гражданӣ истифода бурдани тамғаи молӣ (ё нишонае, ки он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст) нисбат ба молҳое, ки барои фардикунонии онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст (ё нисбат ба молҳои бо ин молҳо якхела), вайронкунии ҳуқуқи истисноии соҳибҳуқуқ (истифодабарии ғайриқонунии тамғаи молӣ) эътироф карда мешавад.».
5. Дар моддаи 8:
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани нишонаҳое, ки танҳо аз унсурҳои зерин иборатанд ё ба онҳо то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, манъ карда шудааст:
- парчам, нишон ва дигар рамзҳои давлатӣ;
- номҳои ихтисоршуда ё пурраи созмонҳои байналмилалӣ, байниҳукуматӣ, нишонҳо, парчамҳо ва дигар рамзҳои онҳо;
- тамғаҳои расмии назоратӣ, кафолатӣ ва тамғаҳои маҳак, мӯҳрҳо, нишонаҳо ва аломатҳои дигари фарқкунанда ё аломатҳое, ки то дараҷаи омехташавӣ ба онҳо монанд мебошанд.»;
- қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Унсурҳои дар қисми чоруми моддаи мазкур зикргардида метавонанд ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ворид карда шаванд, агар дар ин хусус розигии мақомоти ваколатдор мавҷуд бошад.
Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ба сифати тамғаи молӣ бақайдгирии нишонаҳое, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, роҳ дода намешавад:
- бо номҳои расмӣ ва тасвирҳои объектҳои махсуси мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ин ки мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ, инчунин бо тасвирҳои арзишҳои фарҳангие, ки дар коллексияҳо, маҷмӯаҳо ва фондҳо нигаҳдорӣ мешаванд, агар бақайдгирӣ ба номи шахсоне, ки соҳибмулки онҳо намебошанд, бе розигии соҳибмулк ё шахсоне, ки аз ҷониби соҳибмулк барои бақайдгирии чунин нишонаҳо ҳамчун тамғаи молӣ ваколатдор шудаанд, талаб карда шавад;
- бо рамзҳои динӣ.»;
- дар қисми шашум калимаҳои «қаламрави» ва «маҳали баромади» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҷои пайдоиши» иваз карда шаванд;
- қисмҳои панҷум ва шашум мувофиқан қисмҳои ҳаштум ва нуҳум ҳисобида шаванд.
6. Дар моддаи 9:
- дар сархати якуми қисми якум калимаи «дархостҳои» ба калимаи «аризаҳои» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои «ба номи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаи маҳали баромади мол» ва «маҳали баромади» мувофиқан ба калимаҳои «номи ҷои пайдоиши моли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда» ва «ҷои пайдоиши» иваз карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба сифати тамғаҳои молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки онҳо бо намунаҳои саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст, айнан мебошанд.».
7. Дар моддаи 10:
- дар матни модда (ба истиснои қисмҳои ҳаштум ва нуҳум) калимаҳои «дархост», «дархосте», «дархости», «дархостҳое», «дархостҳо», «дархостҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «аризае», «аризаи», «аризаҳое», «аризаҳо», «аризаҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 11:
- дар ном ва матни модда (ба истиснои сархати сеюми қисми панҷум) калимаҳои «Дархост», «дархост», «Дархостро» мувофиқан ба калимаҳои «Ариза», «ариза», «Аризаро» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар сархати якуми қисми панҷум калимаи «арзнома» ба калимаи «дархост» иваз карда шавад;
- қисмҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Идораи патентӣ маълумотро вобаста ба аризаҳои пешниҳодшуда оид ба тамғаҳои молӣ, ки аз экспертизаи расмӣ гузаштаанд, дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ» нашр менамояд.
Пас аз нашри маълумот оид ба ариза то қабули қарори экспертизаи нишони арзшуда ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба Идораи патентӣ ба таври хаттӣ аризаро, ки далелҳои қарор доштани нишонаи арзшударо таҳти амали моддаҳои 8, 9 ва сархатҳои якум - сеюми қисми якуми моддаи 33 Қонуни мазкур дар бар мегиранд, пешниҳод намояд. Баъди ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои он шинос шавад.»;
- қисми сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои бақайдгирии тамғаҳои молиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
9. Дар моддаи 12:
- дар ном ва матни модда (ба истиснои қисми панҷум) калимаҳои «дархост», «дархости» ва «дархостро» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «аризаи» ва «аризаро» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «дар талаботи экспертиза» ба калимаҳои «дар дархости ҷавобии аризадиҳанда» иваз карда шаванд;
- қисми ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар сурати риоя нагардидани  мӯҳлати муқарраршудаи ҷавоб ба дархости экспертиза, пас аз ҳашт моҳи санаи гардидани чунин дархост, ариза барои бақайдгирии тамғаи молӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.»;
- қисмҳои ҳаштум ва нуҳум мувофиқан қисмҳои нуҳум ва даҳум ҳисобида шаванд.
10. Дар матни моддаи 13 калимаи «дархост» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 14:
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар ҳолати ворид шудани ариза тибқи муқаррароти қисми дувоздаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур далелҳое, ки дар аризаи мазкур вобаста ба таҳти амали моддаҳои 8 ва 9 Қонуни мазкур қарор гирифтани нишонаи арзшударо дар бар мегиранд, ҳангоми гузаронидани экспертизаи нишонаи арзшуда ба инобат гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи нишонаи арзшуда Идораи патентӣ дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ё рад гардидани бақайдгирии он қарор қабул мекунад.»;
- дар қисми панҷум калимаи «дархосте» ба калимаи «аризае» иваз карда шуда, калимаҳои «ё бинобар ба қайд гирифта шудани номи маҳали баромади мол» хориҷ карда шаванд;
- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар аризадиҳанда бо қарори экспертиза розӣ бошад, ӯ бояд дар давоми ду моҳ пас аз санаи гирифтани қарори мазкур ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтҳои дахлдорро барои бақайдгирии тамғаи молӣ дар Феҳристи давлатӣ пешниҳод намояд. Дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтҳои дахлдор ё дархост оид ба дароз кардани мӯҳлати муқарраршуда, пас аз ҳашт моҳ аз санаи ирсол шудани қарор ариза бозхондашуда ҳисобида мешавад.»;
- қисмҳои шашум ва ҳафтум мувофиқан қисмҳои ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум калимаи «дархост» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад;
- ба қисми дуюм пас аз калимаи «моддаи 12» калимаҳои                «, қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 14» илова карда шуда, калимаи «ду» ба калимаи «шаш» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 16:
- дар қисми дуюм калимаи «дархости» ба калимаи «аризаи» иваз карда шавад;
- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои пешбурди Феҳрист аз тарафи Идораи патентӣ муқаррар карда мешаванд.».
14. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «соли пас» ва «дархост» мувофиқан ба калимаҳои «сол» ва «ариза» иваз карда шаванд.
15. Дар қисми якуми моддаи 19 калимаҳои «ном, номи падар ва фамилия» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар» иваз карда шаванд.
16. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаи «Дархост» ба калимаи «Ариза» иваз карда шавад.
17. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаи «се» ба калимаи «як» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 24:
- дар қисми дуюм калимаи «коргузориро» ба калимаи «корбариро» иваз карда шавад;
- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои маъруф донистани тамғаи молиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
19. Дар моддаи 26:
- дар қисми якум калимаи «дархост» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «дархост» ва «тамғаи молии коллективӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ариза» ва «тамғаи молӣ» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
- қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои табдилдиҳии тамғаҳои молии коллективӣ ба тамғаҳои молӣ ва баръакси онро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
20. Қисми якуми моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Аз ҷониби соҳибҳуқуқ ё шахсе, ки чунин ҳуқуқро дар асоси шартнома тибқи моддаи 31 Қонуни мазкур дорад, дар ҳолатҳои зерин истифодабарии тамғаи молӣ ҳисобида мешавад:
- дар молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки истеҳсол, барои фурӯш пешниҳод ва фурӯхта мешаванд, дар намоишгоҳу ярмаркаҳо намоиш дода ё ба тарзи дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти гражданӣ ворид карда мешаванд ё бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ дошта ё интиқол дода шуда ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд;
- ҳангоми иҷрои кор ва хизматрасониҳо;
- ҳангоми пешниҳоди молҳо ба фурӯш;
- дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баровардани молҳо ба муомилоти гражданӣ;
- дар шабакаи Интернет, аз ҷумла дар номи доменӣ ё дар дигар усулҳои суроғадиҳӣ истифода шаванд.».
21. Моддаи 32 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 32. Бақайдгирии шартномаҳо дар Идораи патентӣ
Шартнома оид ба гузашт намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ, шартномаи иҷозатномадиҳӣ, инчунин шартномаҳои дигаре, ки ба воситаи онҳо ихтиёрдории ҳуқуқ ба тамғаи молӣ амалӣ гардонида мешаванд, бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шаванд. Бе чунин бақайдгирӣ шартномаҳои зикргардида беэътибор дониста мешаванд.
Қоидаҳои бақайдгирии шартнома оид ба гузашт намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ, шартномаи иҷозатномадиҳӣ ва шартномаҳои дигареро, ки ба воситаи онҳо ихтиёрдории ҳуқуқ ба тамғаи молӣ амалӣ гардонида мешаванд, Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
22. Моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 33. Мавриди баҳс қарор додани аризаи пешниҳодгардида, ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ ва беэътибор донистани он
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба аризаи пешниҳодгардида то қабули қарор нисбат ба он метавонад пурра ё қисман мавриди баҳс қарор гирад, инчунин ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ метавонад дар давоми тамоми мӯҳлати амали он пурра ё қисман мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад, агар онҳо бо номҳои зерин айнан монанд бошанд:
- номи фирмавии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми он), ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст;
- номи асари маъруфи илмӣ, адабӣ ё санъат, персонаж ё иқтибос аз чунин асар ва ё қисме аз чунин асар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи пешниҳоди ариза бе иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ ё вориси ӯ, агар ҳуқуқ ба чунин асар то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омада бошад;
- насаб, ном ва номи падар, тахаллус ё нишонаи аз онҳо ҳосилшуда, мусаввара ё акси айнии шахси маъруф то санаи пешниҳоди ариза, бе иҷозати ин шахс ё вориси ӯ.
Додани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар ҳолатҳо ва мӯҳлатҳои зерин метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад:
- пурра ё қисман дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар он бо вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи моддаи 8 ва қисми чоруми моддаи 9 Қонуни мазкур дода шуда бошад, ё дар давоми панҷ соли пас аз нашри маълумот оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ», агар ин бо вайронкунии талаботи қисмҳои якум ва сеюми моддаи 9 Қонуни мазкур пешниҳод шуда бошад;
- пурра дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар он ба номи агент ё намояндаи шахсе, ки дар яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба ин тамғаи молӣ мебошад, бо вайронкунии талаботи муқаррароти ин Конвенсия дода шуда бошад;
- пурра ё қисман дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар амалҳои соҳибҳуқуқ, ки ба бақайдгирии тамғаи молӣ марбутанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рақобати бевиҷдонона эътироф гардида бошанд.
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва пурра ё қисман беэътибор дониста шавад, агар он бо вайронкунии муқаррароти қисми дуюми моддаи 23 Қонуни мазкур сурат гирифта бошад.
Ҳар як шахс метавонад ба Шӯрои шикоятӣ дар мӯҳлатҳо ва бо асосҳои дар қисми якум ва сархати якуми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ изҳори норозигӣ пешниҳод намояд.
Изҳори норозигӣ ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси далели бо сархати дуюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шӯрои шикоятӣ аз ҷониби шахси манфиатдоре пешниҳод карда мешавад, ки дар яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ мебошад.
Изҳори норозигӣ ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар асоси далели бо қисми сеюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шӯрои шикоятӣ аз ҷониби ҳар як шахс пешниҳод шуда метавонад.
Ариза дар бораи беэътибор донистани додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки бо тартиби дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда қабул гардидааст, аз ҷониби ҳар як шахс ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешавад.
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки аз рӯи изҳори норозигӣ тибқи қисми чоруми моддаи мазкур пешниҳодгардида қабул шудааст, пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.».
23. Дар ном ва матни моддаи 37 калимаҳои «коргузорӣ», «дархост» ва «коргузориро» мувофиқан ба калимаҳои «корбарӣ», «ариза» ва «корбариро» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1584


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 октябри соли 2018,  № 1210

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 613


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1103
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед