logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 169; с. 2012, №7, мод. 705) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- объекти ҷуғрофӣ - ҳама гуна ҳудуде, ки сарҳади он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз  ҷумла кишвар, минтақа ҳамчун қисми кишвар, маҳалли аҳолинишин ва мавзеъ;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «қаламрави» ва «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудуд» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои «дархост» ва «дархостдиҳанда» мувофиқан ба калимаҳои «ариза» ва «аризадиҳанда» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм ва тамоми матни Қонун калимаҳои «маҳалли истеҳсоли», «маҳалли истеҳсол» ва «МАҲАЛЛИ ИСТЕҲСОЛИ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷои пайдоиши», «ҷои пайдоиш» ва «ҶОИ ПАЙДОИШИ» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 8:
- дар ном ва матни модда (ба истиснои сархати сеюми қисми чорум) калимаҳои «Дархост», «дархостдиҳанда», «дархостдиҳандагон», «дархост», «Дархостро», «дархостдиҳандаро» мувофиқан ба калимаҳои «Ариза», «аризадиҳанда», «аризадиҳандагон», «ариза», «Аризаро», «аризадиҳандаро» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва ҳафтум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар сархати якуми қисми чорум калимаи «ариза» ба калимаи «дархост» иваз карда шавад;
- қисми дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи бақайдгирии номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.».
4. Дар моддаи 9:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «дархост», «дархостдиҳанда», «дархостро», «дархости», «Дархостдиҳанда» ва «дархосташро» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «аризадиҳанда», «аризаро», «аризаи», «Аризадиҳанда» ва «аризаашро» иваз карда шаванд;
- дар қисми ёздаҳум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- қисми дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«То қабул намудани қарор аз рӯи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда  ба аризадиҳанда огоҳинома дар бораи натиҷаҳои санҷиши мувофиқ будани аломати арзшуда ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида, ҷиҳати пешниҳоди далелҳои худ оид ба асосҳои дар огоҳинома зикршуда фиристодан мумкин аст. Далелҳои аризадиҳанда, агар онҳо дар давоми шаш моҳи пас аз санаи фиристодани огоҳинома пешниҳод шуда бошанд, ҳангоми қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи аломати арзшуда ба назар гирифта мешаванд.».
5. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 калимаҳои «дархост», «дархостдиҳанда» ба калимаҳои «ариза», «аризадиҳанда» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаи «дархост» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- қисми ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Қоидаҳои тамдид намудани муҳлати эътибори шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.».
7. Дар матни моддаи 21 калимаҳои «дархост» ва «дархостдиҳанда» мувофиқан ба калимаҳои «ариза» ва «аризадиҳанда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1582


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018,  № 1161 


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 611


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1055
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед