мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Моту Конишӣ
10 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистин бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 18 лоиҳа бо маблағи 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад, ки аз он 110 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.
Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкории босамар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ сурат гирифт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 - ро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар он масоили вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ мақоми хос хоҳанд дошт.
Моту Конишӣ изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омодааст баҳри тезондани асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин лоиҳаи хати интиқоли барқи КАСА - 1000 тадбирҳои муассир андешад. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омодааст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад, аз ҷумла тавассути маблағгузории воридоти нерӯи барқ аз хориҷи кишвар.
Ёдовар мешавем, ки хати 500 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқ КАСА - 1000 бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ роҳи асосӣ ва ягонаи таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва воситаҳои мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони хатҳо ва нерӯгоҳҳои нави обӣ мебошад.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳам доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
* * *
Моту Конишӣ, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён намуд:
-Дар мулоқот бо ҷаноби Президент мо атрофи як қатор масъалаҳои вобаста ба рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла иштироки фаъолонаи Бонки ҷаҳонӣ барои пешрафти соҳа, ҷалби сармояи кишварҳои мададрасон ҷиҳати ворид сохтани нерӯи барқ ба кишвар ва таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли сармо табодули назар намудем. Зикр гардид, ки дастгирии бахши гидроэнергетикаи кишвар аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон мебошад.
Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи мукаммали бо барқ таъмин сохтани аҳолии кишварро тарҳрезӣ кардааст. Бонки ҷаҳонӣ омода аст барои ворид сохтани қувваи барқ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон сармоя гузорад. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми худро мегузорад. Дар робита Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби сармояи кишварҳои мададрасон мусоидат хоҳад кард.
Моту Конишӣ гуфт, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, ба онҳо дар бораи вазъи феълии энержӣ дар Осиёи Марказӣ маълумот дод. Таъкид ба амал омад, ки рушди соҳа на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба манфиати кулли кишварҳои минтақа аст.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1836