logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли  2003 «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 466; с. 2013, №7, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати панҷуми моддаи 1 калимаи «қаламрави» хориҷ карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои «ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкилӣ - ҳуқуқие» ба калимаҳои «ҳуқуқӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «сурат мегирад» ба калимаҳои «амалӣ мегардад» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 7 баъд аз калимаҳои «фаъолияти эҷодӣ,» калимаҳои «эҳё, нигоҳдорӣ,» илова ва калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
6. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;
- ташкил намудани намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худ;
- гирифтани мукофот барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ;
- тайёр ва дастрас кардани намудҳои зарурии ашёи хом ва мавод;
- доштани иҷозат барои истифодаи  фондҳои фарҳангӣ;
- машғул шудан ба фаъолияти таълимӣ мутобиқи шакли ҳунарҳои бадеӣ,  новобаста ба таҳсилот;
- ба фурӯш гузоштан ва ба соҳибияти каси дигар додани эҷодиёти муаллифии худ;
- ҳимояи шаъну шараф ва эътибори касбӣ;
- ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.».
7. Дар матни моддаи 14 калимаҳои «зайл», «ошно», «дахлдор, дар» ва «масхусгардонишуда», мувофиқан ба калимаҳои «зерин», «шинос», «дахлдор» ва «махсусгардондашуда» иваз карда шаванд.  
8. Дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои «махсусгардонишуда» ва  «лабораторияҳои илмӣ - тадқиқотӣ» мувофиқан ба калимаҳои «махсусгардондашуда» ва «озмоишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ» иваз карда шаванд.
9. Матни моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушд ва тарғиби дастовардҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мунтазам намоишҳои молу маҳсулоти соҳаи мазкур баргузор карда мешаванд.».
10. Моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1570


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1171


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 599


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1021
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед