logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627; с. 2018, №1, мод. 19) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1  сархати шасту чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- молик - бенефитсиар (манфиатгир) – як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро  назорат мекунанд;».
2. Дар сархати шашуми қисми 1, сархати чоруми қисми 2 моддаи 30, сархати сеюми қисми 8 моддаи 31 ва сархати ҳафтуми қисми 6 моддаи 34 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
3. Ба моддаи 20 қисмҳои 13, 14 ва 15 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«13. Дар лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагиранда аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст расмиёти зерини санҷиши дахлдори суғурташаванда ё молик – бенефитсиар ва фоидагирандаро аз рӯи шартномаи суғурта анҷом диҳад:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷои истиқомати суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси воқеиро талаб намояд, шахсияти онҳоро муайян кунад ва санҷад;
- ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ, рақами бақайдгирии давлатӣ, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба моликият, инчунин суроғаи маҳалли ҷойгиршавии суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси ҳуқуқиро муайян намояд.
14. Пеш аз он ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагиранда ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ)-ро аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намояд, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки шахси сиёсии бонуфуз будан ё набудани суғурташаванда ё молик-бенефитсиар ва/ё фоидагиранда, инчунин дорои хавф будани онҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» муайян намуда, чораҳои дахлдор андешад. Дар сурати ошкор кардани хавф ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки пеш аз пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғурта оид ба аҳд/амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни зикргардида хабар диҳад.
 15. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигоҳ дорад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1573


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, №1193


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 602


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед