logo

ҳуқуқ

ИНТЕРНЕТ. ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан,  тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ҷавонон неруи фаъоли ҷомеа, созандаи ояндаи дурахшони давлату миллат буда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд.

Оре, ҷавонон дар назди Ватан масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои  маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ будан, ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд.
Ҷаҳони зудтағйирёбанда равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки ба тафаккури ҷавонон таъсир хоҳад гузошт. Ҷавонони Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи дурусти пешгириву бартарафсозии онҳо амалӣ гарданд.
Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри XXI мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ, истисно нест.
Барои робитаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдаанд. Одамон, новобаста аз он ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо ҳам дар муошират бошанд. Имрӯз Интернет аҳолии ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз мамлакатҳои дигар пайдо созад ва бо онҳо дар робита бошад. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ, кофӣ ва муфид он имконияти хуберо дорост. Шабакаҳои иҷтимоии Интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳанд. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернет зиёданд. Аммо, дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор оварда, боиси ташвиш гардидаанд.
Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар як рӯз 33,3 дарсади  истифодабарандагон, махсусан ҷавонон, аз 5 то 6 соат вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки хуб нест. Бо ин роҳ онҳо на танҳо вақт, балки ба саломатиашон ҳам зарба мезананд.
Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами воқеӣ яке аз паёмадҳои манфии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин  ҷо бемасъулиятии волидон ба назар мерасад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки бо чӣ кор машғуланд, кадом иттилоъро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робитаанд?
Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди пешрафти техника ва технологияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Мутаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва на ҳамаи маълумоте, ки  дар худ доранд, дурусту беғаразанд.
Солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҷавонон бор кунанд.
Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.
Фирӯзи РАМАЗОН,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед