иқтисод
ГИДРОПОНИКА
1. Парвариши зироат бидуни хок
Имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё ба ҷои ҷӯяку палу гармхонаҳои классикӣ гидропоника – усули нави парвариши рустанӣ роҳандозӣ мешавад, ки хокро истифода намебарад. Тасаввурнопазир? Ҳар чи бошад, ин воқеияти имрӯзи мост, ки чун ҳама чизи нав бо мушкилӣ ба худ роҳ мекушояд ва шумори кишварҳои «забткардааш» торафт меафзояд. Хонандагони «Ҷумҳурият»-ро ба сайри кӯтаҳи таърихӣ даъват мекунем, то аз мабдаъҳои пайдоишу моҳияти гидропоника ва афзалияти он аз усули маъмулии кишоварзӣ воқиф гарданд.
АЗ БОҒҲОИ МУАЛЛАҚ ТО ПАЖӮҲИШГОҲИ ГИДРОПОНИКА
Гидропоника аз аҳди қадим ибтидо мегирад. Аз ҷумла, Боғҳои муаллақи Бобулистон – яке аз Ҳафт муъҷизаи дунё эҳтимол аз нахустин кӯшиши бобарори инсон дар парвариши рустанӣ бо хоки сунъӣ бошад. Боғҳои шиновари атстекҳо дар Амрикои Марказӣ боз як намунаи муваффақи истифодаи технологияи гидропоника шумурда мешавад.
Ғояи парвариши рустанӣ бидуни хок тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст. Соли 1699 табиатшиноси англис Ҷон Вудворд ба парвариши озмоишии пудинаи филфил дар муҳити бехок оғоз намуд. Дар оби софи бенамак рустанӣ нобуд мешуд, дар оби наполида бошад, нумӯ мекард. Озмоиши Вудворд олимонро ба андешаю ҷустуҷӯ водор сохт.
Тақрибан дар як вақт дар асри нуздаҳ олимони машҳур К. А. Тимирязев дар Россия ва Ф. Кноп дар Олмон ба парвариши рустанӣ дар маҳлули обӣ машғул буданд. Бо вуҷуди ин, то аввали асри ХХ рустанипарварии берун аз хок аз доираи сирф пажӯҳиши илмӣ вораста натавонист.
Аз лаборатория гидропоникаро биологи амрикоӣ Уилям Ф. Герикке солҳои 30 – юми асри 20 берун овард. Ӯ исрор мекард, ки парвариши оммавии зироатҳои гуногун бидуни хок тавассути маҳлули ғизодор на танҳо имконпазир, балки фоидаовар аст. Дар аввал ҳамкорон ба ин иддао шубҳа намуданд. Чун Герикке ба онҳо буттаҳои чандметраи помидорро дар тағораҳои пур аз маҳлули ғизоӣ нишон дод, фикрашон дигар шуд.
Гузашта аз ин, Донишгоҳи Калифорния, ки Герикке он ҷо фаъолият дошт, барои гармхонаҳои озмоишӣ замин ҷудо кард. Олими амрикоӣ усули инқилобии худро гидропоника (калимаи юнонии υδρα - «об» ва πόνος - «кор», яъне маҳлули корӣ) ном ниҳод. Дертар, солҳои 1940 - 1944 чун зарурати бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани ҷузъу томҳои амрикоӣ, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҷазираҳои мутлақо бесамари серхарсанг мустақар буданд, пеш омад, маҳз ҳамин усули олим кор дод.
Вақте Геррике озмоишҳои худро мегузаронд, дар Аврупо аллакай аз ин қабил дастгоҳҳо истифода мебурданд. Калонтарини онҳо дар Пажӯҳишгоҳи мевапарварии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси профессор Д. Н. Прянишников сохта шуда буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо усули гидропоника аз соли 1936 дар гармхонаҳо сабзавоту гул парвариш мекарданд. Ин усули нав соли 1937 дар экспедитсияи шӯравии қутбӣ ҳам истифода гардид. Ҳукумати шӯравӣ ба рушди системаҳои гидропонӣ аҳамияти калон медод. Чун натиҷа, комбинат – гармхонаҳои калон дар Москва ва Киев сохта шуданд, дар шаҳри Ереван бошад, Пажӯҳишгоҳи гидропоника ба тадқиқот дар ин самт машғул буд.
ЗИРОАТ БЕ ХОК ҲАМ МЕСАБЗАД
Гидропоника усули парвариши зироат бидуни хок аст, ки зимни он решаи рустанӣ ҳамаи моддаҳои зарурии ғизоиро ба миқдори лозимӣ ва таносуби дақиқ (ин кор ҳангоми парвариш дар хок қариб имконнопазир аст) аз маҳлул мегирад. Ба олимон даҳсолаҳо зарур омад барои фаҳмидан, ки реша аз замин чӣ мегирад. Озмоишҳо нишон доданд, ки рустанӣ ҳангоми дар маҳлул будани калий, сулфур, оҳан, магний, калтсий ва фосфор хуб нашъунамо мекунад. Баъдан фаҳмиданд, ки миқдори на он қадар зиёди дигар элементҳо низ даркоранд ва аз ин рӯ, онҳоро микроэлемент номиданд. Кӯчати зироатро дар тубакча дар ивазкунандаи хок, масалан шишамайдаи вулқонӣ, резаи керамзит, нахи базалт, шағали майда ва ғайра мешинонанд. Он ягон аҳамияти ғизоӣ надошта, фақат такягоҳи реша мебошад, яъне реша моддаҳои ғизоиро на аз хок, балки аз маҳлули махсус меҷабад. Ҳамин тавр, гидропоника мафҳуми асрҳо маъмули “замини серҳосил ё камҳосил”-ро аз байн мебарад. Зеро дигар ба хок эҳтиёҷ нест.
ПОМИДОР ТАМОМИ СОЛ ҲОСИЛ МЕДИҲАД
Бартарии дигари усули нав дар он аст, ки рустанӣ элементҳои барои организми инсон зараровари дар хок мавҷуда, аз ҷумла заҳрдоруҳо, нитратҳо, металлҳои вазнин ва ғайраро дар худ ҷамъ намекунад. Ин, махсусан барои дарахтҳои мевадиҳанда, муҳим аст. Зеро дар гидропоника решаи онҳо танҳо моддаҳои фоидаоварро мегирад. Рустаниҳо дигар ба обмонии ҳаррӯза ниёз надоранд ва назорати ин кор ҳам зимни усули нав хеле осонтар аст. Вобаста аз низоми парвариш ва ҳаҷми зарф об пур карда мешавад: ба як рустанӣ ҳар се рӯз як бор, ба дигараш моҳе ҳамагӣ ду бор. Кори шинондани рустаниҳои бисёрсола низ осону беосеб аст. Ҳол он ки ҳангоми дар хок шинондан решаашон хоҳу нохоҳ осеб меёбад. Ба шарофати гидропоника мушкилоте, аз қабили ҳашароти зараррасон ва анвои гуногуни бемориҳо, алафи бегона аз байн мераванд. Инчунин, ба истифодаи заҳрдоруҳо ниёз намемонад. Бо истифодаи технологияи нав зарурати хишова, ковоксозии атрофи реша ва дигар корҳои маъмулии саҳроӣ аз байн меравад. Ҷиҳати дигари умдаи усули гидропонӣ дар он аст, ки аз аксар зироатҳо тамоми сол ҳосил гирифтан имкон дорад. Аз тубак он рустаниеро, ки ҳосилаш кам шуд ё дигар ҳосил надод, гирифта, ба ҷояш дигареро мешинонанд. Ҳамин тавр, давоми сол ивазкунӣ пайваста сурат мегирад.
Ин ҳама бартариҳои ҳайратовари парвариши рустаниҳо, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, гулҳо ба як хулосаи қатъии илмию амалӣ меоранд: гидропоника технологияи оянда аст!
КИШОВАРЗӢ АЗ ДЕҲОТ БА ШАҲР МЕКӮЧАД?
Тибқи тадқиқот, пас аз 50 сол амалан тамоми сокинони сайёра шаҳрнишин мешаванд. Дар ин сурат кӣ маҳсулот парвариш мекунад? Дар сурате, ки имрӯз дар бисёр кишварҳо норасоии ғизо торафт шадидтар мешавад, наслҳои оянда чӣ хоҳанд хӯрд?
Илоҷи ягона ба шаҳр бурдани кишоварзист. Мақсади асосии гидропоника аз масоҳати камтарин гирифтани ҳосили баландтарин мебошад. Бо пайдоиши усули инқилобӣ меъморони номии ҷаҳонро ғояи дар шаҳрҳо бунёд кардани фермаҳои баландошёнаи амудӣ ором намегузорад. Тасодуф нест, ки вақтҳои охир лоиҳаҳои дар назари аввал ғароиби сабзкории шаҳрҳо ва сохтмони фермаҳои шаҳрӣ пайдо мешаванд.
Айни замон Аврупо калонтарин бозори ҷаҳонист, ки технологияҳои пешқадами гидропоникаро ҷорӣ месозад. Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дуюмин шумурда мешавад. Интизор меравад, ки он чун минтақаи Амрикои Шимолӣ бо пешоҳангии ИМА ва Канада дар рушди муттасил хоҳад буд. Дар Аврупо Ҳолланд, Испания ва Фаронса дар сархати истифодабарони муваффақи гидропоника қарор доранд. Ҳолланд калонтарин истеҳсолгари зироатҳои гидропонӣ эътироф шудааст ва ба ақидаи коршиносон, даҳ соли минбаъда пешсафиро аз даст намедиҳад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ дар шумули кишварҳоест, ки ин технологияи навтарин роҳандозӣ мешавад. Аммо ин мавзӯи алоҳида аст.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 1119