иқтисод
ФАЙЗОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА МЕАФЗОЯД
Хоҷагии ба номи А. Назирови ноҳияи Файзобод солҳои тӯлонӣ аз иҷрои истеҳсол ва рушди дурнамои картошка баромада наметавонист. Роҳбарони собиқи хоҷагӣ заминҳои обии фаровонҳосили ин зироати гаронбаҳоро самаранок истифода набурда, ба рушди истеҳсоли картошка монеа эҷод мекарданд.
Онҳо омилҳои гуногунро баҳона карда, соле ба ҳисоби миёна ҳамагӣ дар майдони 10 – 15 гектар картошка кишт менамуданд, ки хароҷоти сарфшударо пӯшонда наметавонист.
Соли 2017 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷавони чашмикордон Илҳом Шарифовро директори хоҷагӣ таъйин кард.
Директори хоҷагӣ иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рушди картошкапарварӣ дар манотиқи кӯҳистон сармашқи кор намуд. Хоҷагиҳои хурди картошкарпарварӣ бо тухмии аълосифат таъмин карда шуданд. Соли 2018 дар майдони зиёда аз сад гектар картошка кишт гардида, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 250 - сентнерӣ ҳосил ба даст омад.
Хоҷагӣ КВДТ ба номи А. Назиров ном гирифт. Алҳол картошкапарварон бо тухмиҳои серҳосил таъминанд. Кишоварзони КВДТ ба номи А. Назиров ба нақша гирифтаанд, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишти картошкаро ба 150 гектар расонда, бо рӯёндани ҳосили фаровон шуҳрати пештараи хоҷагиро аз нав барқарор намоянд.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2019 №: 8 Мутолиа карданд: 907