logo

ҳуқуқ

ПАЁМ. ҲУҶҶАТИ БАРНОМАВӢ ВА ДАСТУРИ ОЯНДАСОЗӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2018 бо як қатор дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Дар оғози Паём зикр гардид, ки 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташаббуси башардӯстонаи Сарвари худ бори дигар мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки барои ҳар фарди ин сарзамини биҳиштосо боиси ифтихору сарфарозист.
Тибқи талаботи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон карда шудааст. Давлати ҳуқуқбунёд бошад, бе қонунҳои мувофиқ ба талаботи замон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, барҳақ, дар Паём таъкид шуд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Бинобар ин, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд».
Таҷриба собит месозад, ки рушди устувори ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои минбаъда кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Ин буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гардида, татбиқи босамари он ба таҳкими фаъолияти мақомоти судии кишвар такони нав бахшид. Ба манзури боз ҳам баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ, такмили сохтор, баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар мамлакат барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ таҳия карда шавад. Бо ин мақсад, ба Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқиро барои солҳои 2019 - 2021 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Абдуманнон ДОДОЗОДА,
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои
махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед