logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Соли 2018 бо рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвари азизамон саҳифаҳои тоза кушод. Пеш аз ҳама, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 рушду шукуфоии сарзамини кишварро такон бахшид ва барои фаъолияти ҳар як сокини ҷумҳурӣ давоми соли 2018 роҳнамои судманд буд. Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод низ онро бо рӯҳбаландӣ пазируфта, давоми сол ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд. Суҳбати хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода низ дар ин бора аст:

Соли 2018 оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид. Ин тадбири муҳими сатҳи байналмилалӣ бо ташаббус ва иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мусоидат кард. Дар доираи барномаи даҳсола дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёд баргузор гардиданд ва роҳандозии тадбирҳои дигар идома дорад.
Албатта, барҷастатарин рӯйдоди соли 2018 ба кор оғоз кардани чархаи аввалини Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад. Онро метавон ҳатто ҳодисаи нодири аср номид. «Роғун», чуноне Президенти кишвар иброз доштанд, марҳилаи тамоман тозаеро дар ҳаёти Тоҷикистон оғоз намуд ва оянда ба манбаи нур дар тамоми Шарқ табдил хоҳад ёфт.
Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Душанбе, чорабиниҳои зиёд доир гардиданд, ки дар онҳо ҳунармандони ноҳия иштироки фаъол доштанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки  мақсад аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ танҳо ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои тамошобоби ноҳия нест. Дар ин самт дар мавзеъҳои хушманзара инфрасохтори гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои дастӣ, бунёд намудан аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.
Албатта, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ танҳо ба як сол маҳдуд буда наметавонад. Зарур аст, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳо дар ин бахш корҳои амалиро бештар ба роҳ монем. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Айни замон дар ноҳия барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ босуръат ҷараён доранд. Сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои суди ноҳиявӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва кӯдакистон дар маркази ноҳия, маркази технологӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 - и деҳаи Мазори Поён, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ ва мумфаршу чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия (марҳилаи якум) бо ҳиммати соҳибкорон анҷом ёфтанд. Бунёди 6 майдончаи варзиш дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, биноҳои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 27 – и  деҳаи Дараи Нӯшор ва  №10 – и  деҳаи Гулистон, бинои маъмурии шабакаи барқӣ, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ва ғайра бомаром ҷараён дорад. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо давоми дую ним сол бояд 74 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шавад. Аз ин 20 иншоот сохтмони азим буда, бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва буҷети маҳаллӣ бунёд меёбад
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ёздаҳ моҳи соли 2018  ба 183 миллиону 860 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба моҳҳои январ - ноябри соли гузашта 7 дарсад зиёд аст. Дар ёздаҳ моҳи соли сипаришуда нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 101 дарсад таъмин гардид ва ба буҷети ноҳия ба ҷойи 5017950 сомонии дар нақша пешбинишуда 5061681 сомонӣ маблағ ворид шуд.
Кишоварзӣ соҳаи асосӣ ва пешбарандаи рӯзгори мардум ба ҳисоб рафта, бе рушди ҳамаҷонибаи он дар ноҳия таъмин кардани некуаҳволии мардум ғайриимкон аст. Тибқи маълумоти оморӣ, баҳори соли 2018 дар майдони умумии 5281 гектар замин зироатҳои гуногун кишт шуд, ки назар ба соли пешӣ 128 гектар зиёд мебошад.  Ғайр аз кишти ғалладона, ки майдони умумии он 177 гектар кам гардидааст, майдони кишти дигар зироатҳо зиёд шуд. Аз 1081 гектар замин дар 74 гектари он картошка кишт гардид.
Баробари рушди картошкапарварӣ тараққиёти соҳаи боғдорӣ низ барои мардуми ноҳия манфиатовар аст. Тибқи нақша, имсол бояд дар ноҳия 19 гектар боғи нав бунёд гардид.
Бисёр рамзист, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии  кишвар ба халқи шарифи Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ин ҳуҷҷати раҳнамо аллакай дастури фаъолияти мардуми ноҳияи Тоҷикобод низ қарор гирифтааст.
Умед дорам, ки хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони муассисаю корхонаҳо ва тамоми заҳматкашони ноҳия соли 2019-ро бо масъулияти баланд оғоз менамоянд. Вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, дигаргунии ҷиддӣ ворид намудан ба раванди таълиму тарбия, нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёту маънавиёт аз ҷумлаи вазифаҳои мушаххасанд, ки барои иҷрояшон камар мебандем.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед