logo

туризм

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ИМКОНОТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ЗИЁД АСТ

Восеъ  мулки куҳанест, ки бо таъриху фарҳанги  бой ва мавзеъҳои ҷолибу диданӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Мавҷуд будани  беш аз 50 ёдгории таърихиву меъморӣ, аз ҷумла маҷмааи таърихии Ҳулбук, шаҳракҳои қадимаи Сурхоб, Арал, Афғондилӣ, Учқун, Дарнайчӣ, Пушёни Поён, Гултеппа, Манзаратеппа, Кафтархона, Ғелот, Қалъаҷой, Ҳазорчашма, қалъаҳои Ҳулбуку Қайнар, кушки асримиёнагии Қурбоншаҳид, мақбараҳову қасрҳои куҳан ва амсоли инҳо, далели ин гуфтаҳоянд.

ҲУЛБУК – БЕҲТАРИН ЁДГОРИИ МИНТАҚА
Маҷмааи Ҳулбук, ки аз қаср, шаҳристон, работ ва мақбараҳо иборат аст, яке аз нодиртарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз қадим шаҳрнишину шаҳрофар ва соҳиби таъриху маданияти бой будани халқи тоҷик далолат медиҳад.
Аз рӯйи маълумоти бостоншиносон, масоҳати Ҳулбук ибтидои қарни IX 90 гектарро ташкил медод  ва дар асри XI ба 280 гектар расид. Аз дохил ва гирду атрофи ёдгорӣ асбобҳои рӯзгори аз сафол (керамика), оҳан ва шиша сохташуда дарёфт гардидааст, ки гувоҳи дар он замон рушд ёфтани санъати меъморӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ ва заргарӣ мебошанд. Шурӯъ аз соли 1951 дар ин мавзеъ ҳафриётҳои бостоншиносӣ оғоз гардиданд, вале, мутаассифона, то ҳол дар ин бостоншаҳри ниёгон таҳқиқоти пурра анҷом дода нашудааст.
Соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи ин ёдгории арзишманди таърихӣ дар ин мавзеъ Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Ҳулбук” таъсис ёфт. Моҳи ноябри соли 2009 бошад, он ба руйхати пешакии мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардид. Имрӯз дар назди мамнӯъгоҳ осорхона низ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 10 ҳазору 500 дастхату нигораҳои таърихӣ ҳифз мешаванд.

ХОҶАМУЪМИН – НАМОИ ТАБИАТИ НОДИР
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин аз мавзеъҳои ҷолиби минтақа буда, барои ба роҳ мондани сайёҳии экологӣ мувофиқ аст.
Қобили зикри хос аст, ки он яке аз калонтарин кони намаки ошии ҷаҳон маҳсуб шуда, тибқи арзёбиҳои мутахассисон, метавонад аҳолии ҷаҳонро то 400 сол бо намаки тоза таъмин созад. Захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъмин 300 миллиард тонна буда, дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Инчунин, дар кӯҳи Хоҷамуъмин зиёда аз 160 чашмаи шифобахш ҷорист, ки метавонад асоси бунёди осоишгоҳу шифохонаҳо гардад.
Хоҷамуъмин, ҳамчунин, бо ғорҳои бешумораш машҳур аст. Калонтарин ғори кӯҳ 350 метр дарозӣ дошта, бо вазидани шамол аз он оҳангҳои гуногун садо медиҳад. Қабати болоии кӯҳ аз хок иборат буда, дар он дарахтҳои мухталиф, ба монанди писта, нок, чанор, арча ва буттаву гиёҳҳои зиёд мерӯянд.
Тамошои мавзеъҳои зикршуда барои сайёҳон, бешубҳа, ҷолибу хотирмон мебошад. Аз тарафи дигар, фароҳам намудани шароит ба зиёд гаштани шумораи сайёҳон ва рушди соҳаи туризм мусоидат карда, сатҳи зиндагии сокинони ноҳияро боз ҳам беҳтар хоҳад кард. 

ДИГАР ИМКОНОТИ ВОҚЕӢ
Ноҳияи Восеъ барои рушди дигар бахшҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла туризми муолиҷавӣ, иқтидору имкониятҳои зиёд дорад.  Айни ҳол дар ноҳия осоишгоҳҳои “Тосқалъа” ва “Ибни Сино” фаъолият мекунанд.
Осоишгоҳи “Тосқалъа” дар деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ҷойгир буда, соли 1980 сохта шудааст ва дар он табобат бо лойқа, муми кӯҳӣ, буғ ва маҳс  ба роҳ монда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки сол ба сол теъдоди муштариёнаш меафзояд.
Мутахассисон барои беҳтар рушд ёфтани туризми ноҳия ташкили хатсайрҳои навро муҳим арзёбӣ мекунанд. Алалхусус, ба роҳ мондани хатсайрҳои нав ба деҳоти дурдаст хеле ҷолиб аст. Бо ин мақсад, роҳбарияти ноҳия барои рушди соҳа, таъмини инфрасохтори зарурӣ ва хизматрасонии босифату замонавӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Айни замон дар ноҳия ду меҳмонхона дар хидмати сайёҳон қарор дошта, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони боз 3 меҳмонхонаи дигар оғоз шудааст. Бунёди роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳои замонавӣ, ки дар ноҳия босуръат идома доранд, бешак ба рушди сайёҳии ноҳия мусоидат хоҳанд кард. 
Комрон САФАР, Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 1244
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед