logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ш. Копенгаген, 16 декабри соли 2009

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Мӯҳтарам сарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Мехостам ба ҳукумати Дания барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати кори пурмаҳсул ва муваффақонаи конфронси имрӯзаи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим арзи сипос намоям. Ширкати сарони беш аз сад кишвари ҷаҳон дар конфронси имрӯза шаҳодати ҷонибдорӣ ва иродаи умумӣ дар самти пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим мебошад, ки ин масъала яке аз проблемаҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо, яъне дар Копенгаген имрӯзҳо ояндаи сайёра ва наслҳои мо ҳаллу фасл мегардад. Итминони комил дорам, ки ҳар яки мо инро ба таври амиқ дарк намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳифз намудани иқлими солими сайёра барои кӯдакон ва наслҳои ояндаамон мусоидат намояд. Зеро мо роҳи дигар надорем.
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!
Илм собит намудааст, ки тағйирёбии иқлими сайёраи мо бори аввал нест. Вале тағйирёбии кунунии иқлим асосан бинобар фаъолияти худи инсон ба миён омадааст ва оқибатҳои ҷиддии манфии он ҳам ба тамоми кишварҳо ва ҳам ба ҳар як сокини сайёраи мо таҳдид мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ки бинобар шароити мураккаби ҷуғрофӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир гардидааст, дар шаст соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво то як дараҷаи селсия баланд гардида, шумораи рӯзҳои боронӣ хеле афзудааст. Танҳо дар 20 соли охир дар қаламрави кишвар чор маротиба хушксолии шадид ба миён омад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда хушксолии солҳои 2000-2001, ки тамоми Осиёи Марказиро фаро гирифта буд, дар даҳсолаҳои охир хушксолии шадидтарин буд. Дар минтақа норасоии ҷиддии об эҳсос гардид, ки дар натиҷа садҳо ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ аз кишт берун монданд. Илова бар ин, дар таърихи кишвар зимистони солҳои 2007-2008 фасли сардтарин буд.
Бори аввал дар Тоҷикистон дар водиҳо шумораи зиёди рӯзҳои бефосила сард бо ҳарорати миёнаи шабонарӯзии аз 12 дараҷа паст ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи обу ҳавои номусоид дар фасли баҳори ҳамон сол беш аз 40 ноҳияи мамлакат дучори офатҳои табиӣ гардид. Зиёни офатҳои табиӣ зиёда аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо, дар навбати худ, оқибатҳои шадиди манфиро ба миён меоранд, ки онҳо ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир расонида, имкониятҳои мамлакатро дар робита ба рушди устувор коҳиш медиҳанд. Мутаассифона, баъзан одамон низ ба ҳалокат мерасанд. Вале зуҳуроти асосии ин равандҳо, бешубҳа, обшавии пайвастаи тармаҳо ва пиряхҳо мебошад. Танҳо дар даҳсолаҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон беш аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Бояд зикр намуд, ки тағйирёбии иқлим дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо ба андозаи муайян ба хушкшавии баҳри Арал низ таъсир расонид. Ҳамасола ҳазорҳо тонна ғубор ва намак, ки шамолҳои шадид аз қаъри хушкшудаи баҳри Арал ба ҳаво бармехезонанд, ба ҳудудҳои васеъ паҳн мешаванд. Тибқи арзёбии коршиносон як қисми ин намакҳо ба рӯи пиряхҳои Помир ва Тёншон нишаста, боиси обшавии босуръати онҳо мегарданд.
Ҳамзамон бо ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар гармшавии глобалӣ дар ҷаҳон аз ҳама паст мебошад. Дар байни зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар робита ба партовҳои қиёсии дуоксиди карбон ҷои 150-умро ишғол мекунад. Дар Осиёи Марказӣ аз рӯи ҳаҷми партовҳо кишвари мо ҷои охирро мегирад ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии минтақа аз 5 фоиз камтар мебошад. Ин пеш аз ҳама, ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаро медиҳад, вобаста аст; зиёда аз 95 фоизи барқ дар кишвари мо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад, ки дар муқоиса ба нерӯгоҳҳои ҳароратӣ онҳо манбаъҳои партовҳои зиёновар нестанд.
Мӯҳтарам ширкаткунандагони мулоқот!
Мехостам дар бораи дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим – таъсири он ба захираҳои оби ошомидании сайёра назари хешро баён намоям. Возеҳ аст, ки об барои рушди устувор, ҳифзи ҳаёт дар сайёра ва таъмини тандурустӣ ва некӯаҳволии аҳолии ҷаҳон захираи ивазнашавандаи дорои аҳамияти бунёдӣ мебошад. Имрӯз дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар заминҳои хушк, бахусус ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об ва рушди соҳаҳои иқтисодӣ, ки аз захираҳои оби тоза вобаста мебошанд, шиддатнок гардидааст.
Ташвишовар аст, ки захираҳои оби тоза кам гардида, сифати он коҳиш меёбад. Ин проблема бахусус барои Осиёи Марказӣ, ки об дар он асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, муҳим аст.
Мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба далеле ҷалб намоям, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодашаванда, дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд.  Ба андозаи 2-3 дараҷаи селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ҷараёни обшавии пиряхҳоро тақвият бахшида, дар натиҷа ба коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Ин якҷоя бо коҳишёбии боришот ва афзудани истеъмоли об метавонад дар ояндаи миёна ва дарозмуддат дар минтақа вазъияти пуршиддатро ба миён орад.
Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки саҳлангорӣ нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ ба чӣ оварда мерасонад. Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро дар ин бахши муҳими стратегӣ муттаҳид намояд, ногузир мешуморем.
Барои таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ инчунин гузаронидани арзёбии умумии таъсири низоми куллан кӯҳнаву бесамари истифодаи обро ба вазъи экологӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид қобили қабул мешуморем. Зеро маҳз истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об барои обёрии заминҳои кишт ба маҳв гардидани баҳри дар гузашта бузурги Арал оварда расонида истодааст.
Дар баробари ин, кишвари мо омода аст, ки дар беҳтар намудани иқлим саҳми муносиб гузорад. Имрӯз қариб 70 фоизи қувваи барқи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳамасола ба ҳаво миллионҳо тонна гази ангидриди карбонро мепартоянд. Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт- соат нерӯи барқ дар як сол мебошад, ки дар айни ҳол ҳамагӣ 5-6 фоизи он аз худ шудааст. Ин иқтидор, яъне 527 миллиард киловатт – соат аз талаботи кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво мусоидат мекунад, балки боиси сарфаи захираҳои нафт, газ ва ангишт, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа ҷиҳати истеҳсол намудани қувваи барқ истифода мешаванд, мегардад.
Аҳамияти обанборҳо, ки барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта мешаванд, низ кам нест. Дар шароити норасоии захираҳои обӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, онҳо дар таъмини амнияти об нақши муҳим мебозанд, инчунин барои пешгирӣ намудани офатҳои марбут ба об, чун обхезӣ ва селҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи баъзе олимон таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим  нақши муҳим хоҳанд бозид.
Мӯҳтарам ширкаткунандагони вохӯрӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги обӣ буданаш, ба ҳалли масъалаҳои об аҳамияти махсус медиҳад. Кишвари мо ташаббускори қабул гардидани ду қарори муҳими Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба об, яъне эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003) ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт» (солҳои 2005- 2015) буда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пешбарандаи фаъоли сиёсати марбут ба об мебошад.
Дар ин замина, соли ҷорӣ кишвари ман боз ташаббускори қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ба ҷо овардани шарҳи миёнамӯҳлати умумии ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт- 2005-2015» гардид, ки мақсади асосии он расидан ба ҳадафҳои мувофиқашуда дар бобати захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Мувофиқи қарори рӯзҳои наздик аз тариқи консенсус қабулшуда пешниҳод шудааст, ки 22 марти соли 2010, яъне дар Рӯзи умумиҷаҳонии об ҷиҳати баррасии ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ гуфтугӯи ҷиддии Ассамблеяи генералӣ дар сатҳи олӣ гузаронида шавад. Чорабинии мазкур ба муҳокимаи васеи пешрафтҳо дар иҷрои вазифаҳои Даҳсола ва фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба шарҳи миёнамӯҳлати қобили қабули умуми раванди татбиқи Даҳсола, нигаронида шудааст, ки гузаронидани он моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ҳамаи сарони ҳайатҳо ва ширкаткунандагони мулоқоти имрӯзаро ҷиҳати иштирок ба ин чорабинӣ даъват намоям.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тоҷикистон шартҳои асосии созишномаи навро доир ба иқлим, ки маҳдуд ва кам кардани истеъмоли сӯзишвории зеризаминӣ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии ҷангалҳо ва беҳтар гардонидани вазъи истифодаи заминҳоро пешбинӣ мекунад, дастгирӣ менамояд. Дар ин маврид мо чунин меҳисобем, ки соли муқоисашаванда, тавре ки дар тавсияи Гурӯҳи байнидавлатии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим зикр гардидааст, бояд соли 1990-ум боқӣ монад.
Паҳлуи дигари кӯшишҳои мо дастрас кардани технологияҳое мебошад, ки сарфа ва истифодаи самарабахши захираҳои мавҷудаи табииро таъмин менамоянд. Дастрас намудани технологияҳо ҳамчунин ба амалӣ шудани вазифаҳо ва ҳадафҳои рушд дар мавриди дар як вақт кам кардани таъсири антропогенӣ ба иқлим мусоидат мекунад.
Ба назари ман, қисми асосии кӯшишҳои умумии мо дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ин маблағгузорӣ мебошад. Бидуни маблағгузории зарурии чорабиниҳои мутобиқ кӯшишҳои мо доир ба кам кардани партовҳои зиёновар ва дастрасии технологияҳо иҷро нашуда мемонанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ташаббуси афзун гардонидани ҳаҷми кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофро, ки тибқи созишномаи нав пешбинӣ гардидааст, ҷонибдорӣ менамояд. Зеро бинобар имкониятҳои маҳдуди худ ин кишварҳо беш аз ҳама бо оқибатҳои ҷиддии манфии тағйирёбии иқлим дучор мегарданд. Бинобар ин таҳкими имкониятҳои мутобиқшавии онҳо фавқулодда муҳим ва ногузир аст.
Дар охир мехостам бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирӣ намудани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим таъкид созам ва дастгирии қатъии лоиҳаи санади нав оид ба иқлимро, ки қабули он барои ояндаи инсоният аҳамияти ҳалкунанда дорад, изҳор намоям.   
Ба таваҷҷӯҳатон ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед