logo

маориф

МАОРИФ. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ТАКМИЛИ СОҲА АСТ

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакатро дар давраи имрӯзу оянда ба таври мукаммалу возеҳ муайян намуд. Дар ҳақиқат, Паёми имсола бо мазмуну мундариҷа ва муҳтавои хеш аз дигар  паёмҳо фарқ мекунад. Пешвои миллат дар  Паём таъкид  намуданд, ки дар  раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад.

Бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат ҷиҳати таъсиси Биржаи озоди меҳнати донишҷӯён як қатор корҳо ба анҷом мерасанд. Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Н. Шоҳиён ташкили чунин биржа имкон медиҳад, ки ҳар як донишҷӯ пас аз машғулиятҳо вобаста ба ҳунару маҳорат ва истеъдоди хеш машғул шуда, аз он фоидаи молиявӣ ба даст орад.
Агар дастуру супоришҳои Пешвои муаззам  дар тамоми кишвар иҷро шавад, яъне мардум ба ҳунар ё шуғле фаро гирифта шаванд, сатҳи камбизоатӣ аз 29 дарсаде, ки дар Паём ишора гардид, хеле поён мефарояд.
Пешвои миллат дар Паёмашон, ҳамчунин, аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар.
Пешвои миллат оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон, гузарондани аттестатсияи онҳо ва таҳкими раванди таълими забонҳои русӣ ва англисӣ  дастур доданд. Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар олам ҳамчун кишвари тамаддунофару фарҳангдӯст, пешрафтаю гулгулшукуфон ва мардумаш меҳмоннавоз шиносанд, бояд ба ҷавонону наврасон забонҳои русӣ ва англисиро ба дараҷаи баланд омӯзонем. Ин амалро таъҷилан иҷро намуда, роҳу усули илмию методиро ҷиҳати омӯзиши пурраю мукаммали ин ду забони байналмилалӣ ёфтанамон ҳатмист.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат комиссияи санҷишӣ оид ба сатҳу сифати дарсҳои омӯзгорон ва донишазхудкунии донишҷӯён таъсис дода шуд.
Асомуддин АЗИЗОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 1155
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед