иқтисод
РАҲНАМОИ КИШОВАРЗОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: “Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад”.
Ин дастур кишоварзони мамлакатро водор месозад, ки дар асоси дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам кору фаъолият намуда, аз ҳарвақта бештар ба боздеҳи самараноки замин муваффақ шаванд.
- Дар ноҳияи Муъминобод беш аз 20 номгӯи маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешавад. Масалан, деҳқонон порсол 21 ҳазор тонна ғалладона, 26 ҳазор тонна картошка, 6300 тонна сабзавот, 1729 тонна полизӣ, 5731 тонна мева, 3900 тонна ангур, 536 тонна гӯшт, 167 тонна шир, 116 тонна пашм, 87 тонна асал ва 242 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд, ки ҳамаи ин нишондодҳо назар ба солҳои гузашта зиёд мебошад,- мегӯяд сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҷумъахон Сафаров.
Аммо имкониятҳои кишоварзони ноҳия дар муқоиса ба натиҷаҳо хеле зиёданд. Ҳанӯз ҳам сифати иҷрои корҳо қаноатбахш нест, ҳосилнокии полизиҳо, сабзавот ва ғалла аз ҳар гектар, пашмтарошӣ аз ҳар сар моли майда ва истеҳсоли тухм кам аст. Ноҳия дорои заминҳои сиёҳхоку ҳосилхез мебошад, аммо то ҳол аз ин заминҳо ба қадри имконият ҳосил рӯёнда намешавад.
Ин дар ҳолест, ки хоҷагиҳои алоҳида аз замин ҳосили баланд мерӯёнанд. Хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъҳои Алака, Хосабоӣ, Ғофилобод, Тутқавул, Дӯстӣ аз ҳар гектар то 500 - сентнерӣ картошка ва 800 - сентнерӣ пиёз мегиранд. Даромади софи онҳо афзуда, сатҳи зиндагиашон нисбат ба дигар деҳаҳо бамаротиб афзудааст. Ғайр аз ин, кишоварзони ин мавзеъҳо ба ривоҷи кишти зироатҳои техникӣ рӯ овардаанд. Соле то 500 - 600 гектар зағиру маҳсар мекоранд, ки ин боиси бо равғани арзони истеҳсоли худӣ таъмин гардидани бозор шудааст.
Дар ноҳия ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар мокиён 89 дона тухм гирифта мешавад, ки хеле кам аст. Фабрикаи парандапарварии як вақтҳо овозадори Муъминобод, ки аз 16 сехи истеҳсолӣ иборат буду миллионҳо дона тухму садҳо тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол мекард, беш аз 27 сол боз аз фаъолият мондааст. Ба наздикӣ, бо иқдоми соҳибкор Зуҳуршо Сафаров 4 сехи он таъмиру тармим гардид. Ду сехи дигар низ дар арафаи бакордарорист. Дар сурати пурра барқарор намудани корхона, даҳҳо ҷои нави корӣ муҳайё гашта, саршумори паранда аз 78 ҳазор сари имрӯза ба 150 - 200 ҳазор сар хоҳад расид. Албатта, дар ин радиф арзиши гӯшти паранда ва тухм низ поён хоҳад рафт. Имсол дар асоси шартномаи корхона бо деҳқонон дар бештар аз 100 гектар ҷуворимакка барои дон кошта мешавад.
Кишоварзони ноҳияи Муъминобод барои ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории минтақаю вилоят ва ҷумҳурӣ нақшаю мақсадҳои нек доранд. Дар ин роҳ онҳо Паёми навбатии Сарвари давлатро роҳнамою сармашқи кор қарор додаанд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2019 №: 11 Мутолиа карданд: 900