logo

фарҳанг

11 ПАТЕНТ ДАР ЯК СОЛ

- Олимони тоҷик дар соли 2018 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 патенти ИМА, 3 қарори мусбат оид ба гирифтани патент ба даст оварданд. Соли гузашта барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан 15 дастоварди намоёни олимон пешҳод гардид, - зикр шуд дар маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии академия дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 сухан намуда, аз ҷумла гуфт:  «Таваҷҷуҳи олимон ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникии самтҳои афзалиятнок, ки барои кишвар хеле муҳиманд, аз ҷумла гидроэнергетика, истифодаи захираҳои об ва манбаъҳои дигари  аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ, коркарди ҳолатҳои пешгӯӣ намудани заминларза, таҳқиқӣ комплекси гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии  Тоҷикисон, инчунин, масъалаҳои муҳими  таърих, забон, адабиёт равона гардида, натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст оварданд».
Зикр гардид, ки маҳз ба хотири чунин натиҷаҳои хуби илмиашон як гурӯҳ олимон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва кишварҳои хориҷӣ бо ҷоизаву медалҳо қадр шуданд. Аз ҷумла,  академиҳо Т. Назаров бо ордени «Тулӯи офтоб, дараҷаи 1» - и Ҷопон, М. Илолов бо медали «Исаак Нютон»-и  Консорсиуми илмии саноати Аврупо, Р. Маърупов бо ордени «Дӯстлик» - и  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, К. Абдулманнонов бо медали «Академик Н. Вавилов» - и Академияи илмҳои табиатшиносии Россия қадр гардиданд.
Ҳамчунин, академик М. Яқубова Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаро соҳиб шуд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, таъкид гардид, ки  соли 2018 дар асоси омӯзиш ва таҳқиқи  чандинсолаи гиёҳҳои шифобахши кишвар, китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» таҳия ва ба чоп омода шуд, ки он соли 2019 дастраси ҳамагон мегардад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед