иқтисод
ДОРУ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ
Аҳли кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи ироашуда ва, ба ин васила, таҳкими фаъолияти худ тасмими ҷиддӣ гирифтанд. Аз ҷониби хадамот нақшаи муфассали чорабиниҳо, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паём, таҳия гардидааст.
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 корхонаи хурди истеҳсоли дору фаъолият дорад. Онҳо ба истеҳсоли беш аз 250 номгӯи доруворӣ ва молҳои таъйиноти тиббӣ машғуланд. «Тиб барои шумо», «Шаҳром - 2010», «Ясмина мед», «Кӯҳҳои Тоҷикистон», ҶСП «Аввалин», «Фароз», «Амон - Ш» «Фарм Суғд» ва «Вежа фармасевтиксал» аз ҷумлаи ширкатҳои дорусозие мебошанд, ки ҳар кадоме аз 8 то 80 номгӯй доруворӣ ва молҳои таъйиноти тиббӣ истеҳсол мекунанд. Аксари доруҳои истеҳсолшуда аз гиёҳҳои шифобахш ва маъданҳои ватанӣ таркиб ёфтаанд, яъне масъалаи таъминоти аҳолӣ бо доруворӣ ва молҳои тиббии маҳаллӣ, тадриҷан, ҳалли худро меёбад.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи нуктаҳои Паём, барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати рушди тиҷорати онҳо пайваста шароити зарурӣ фароҳам меорад. Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти технологияҳои нав ва ашёи аввалия бо мақсади ба роҳ мондани тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ дар кишвар ба манфиати кор аст. Бо ин роҳ бештар кардани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳои мавҷуда ва ташкили корхонаҳои нав имконпазир гардид. Соҳибкорон ва мутахассисони соҳа талаботи бозори истеъмолиро омӯхта, имконияту иқтидори худро ба он мувофиқ менамоянд.
Санҷишҳои гузарондаи озмоишгоҳҳои хадамот маълум намуданд, ки сифати дорувории ватанӣ аз намунаҳои воридотии онҳо беҳтаранд. Аз ин нуқтаи назар, дар мамлакат ба роҳ мондани истеҳсолоти дору ва рушди соҳаи мазкур бартарии зиёд дорад. Дар ин ҳолат сифати доруворӣ дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ ва муомилот таъмин мегардад, инчунин, ҷойҳои корӣ, маоши мувофиқ, роҳҳои истифодаи самараноки манбаъҳои табиии мамлакат муҳайё мешаванд.
Султон БЕКМУРОДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2019 №: 11 Мутолиа карданд: 1001