барқияҳо
Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев
16 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич!
Табрикоти самимии маро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон қабул намоед.
Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои самаранок миёни Тоҷикистону Қазоқистон манфиатдор буда, барои таҳким бахшидан ба ин ҳамкориҳо мусоидат мекунад.
Итминон дорам, ки бо талошҳои якҷоя ба имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои зич, ҷавобгӯ ба манфиатҳои Тоҷикистону Қазоқистон такони ҷиддӣ бахшида мешавад.
Аз самими қалб ба Шумо, Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, саломатӣ, бахту муваффақият ва ба мардуми дӯсти қазоқ сулҳу амонӣ ва гул-гулшукуфӣ орзу дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5032