logo

маориф

ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОК

амри зарурист
Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар низоми нави таҳсил  -  таҳсили салоҳиятнок ҷорӣ гардид.  Гузаштан ба ин  низом амри зарурӣ буд, зеро он ба хотири мутобиқи талаботи рӯз ба роҳ мондани таълим нигаронда шудааст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки низоми нави таҳсил аллакай ба пешрафти таълим  мусоидат намуда истодааст.
Низоми нав аз раванди анъанавии таълим бо  хусусиятҳои зиёд фарқ мекунад. Агар дар таълими анъанавӣ мақсади дарсро асосан маҷмӯи дониш, малака ва маҳорате, ки муҳтавои дарсро ташкил медиҳад, фаро гирад, дар низоми таълими салоҳиятнок аслан таваҷҷуҳ бештар ба он равона мегардад, ки хонандагон донишҳои андухтаашонро дар ҳаёт чи гуна тадбиқ менамоянд.
Хусусияти дигари низоми салоҳиятнок он аст, ки омӯзгор дар раванди таълим имконияти иваз намудани мавзӯъ ва мундариҷаро дорад. Албатта, дар низоми нав маводи асосии  таълим китоби дарсӣ шинохта мешавад, аммо сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, маводи интернетӣ ва таҷрибаи худи хонандагон низ чун маводи таълим истифода мешавад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки низоми ҷадид таҳсилоти салоҳиятнок дар асоси модули хонанда – марказ фаъолият менамояд. Яъне, агар дар низоми таҳсилоти анъанавӣ мавқеи марказиро омӯзгор мебозид ва қариб тамоми дарс ба ӯ вобаста буд, дар низоми нави таҳсил тамоми дарс ба салоҳияти хонанда вобаста мебошад.
Омӯзгор супориши синфӣ ва хонагӣ медиҳад, роҳҳои ҷолибу ҷадиди ҳалли масъаларо ба хонанда мефаҳмонад. Хонанда дар навбати худ мустақилона ба дарс омодагӣ мебинад. Чунин муносибат имкон фароҳам меорад, ки  тафаккури хонанда инкишоф ёфта, ба масоил ва ҷузъиёти мавзӯи дарс баҳогузорӣ кунад ва он чиро, ки меомӯзад, дар амал тадбиқ намояд. Яъне, дар ин низоми таҳсил дар меҳвари дарс хонанда қарор дошта, метавонад андешаҳояшро озодона баён созад. Чунин муносибат имкон фароҳам меорад, ки оянда аз миёни хонандагон нафарони донишманд, дар ақидаи худ устувор ва аз ҷиҳати фикрронӣ ташаккулёфта ба воя расанд. Аҳамияти асосии  низоми салоҳиятокӣ  низ маҳз дар ҳамин аст. Аммо, ҳоло дар пиёда сохтани ин низом баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд, ки ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб шудани муаллимон аз муҳимтарини онҳост. Низоми мазкур танҳо дар сурате метавонад натиҷаи хуб диҳад, ки омӯзгорон тавонанд моҳияти ин навъи таълимро ба дурустӣ дарк намоянд. Аз ин рӯ, хуб мешуд ҳар чи зудтар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба курсҳои омӯзишии низоми нави таҳсил ҷалб шаванд. Албатта, дар ин росто то имрӯз баъзе корҳо ба сомон расидаанд. Масалан, соли сипаришуда Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат - 1» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо семинари омӯзишӣ барои тренерони соҳаи маориф доир намуд. Дар он аз тамоми  ноҳияҳои кишвар 150 омӯзгор ҷалб шуд, ки онҳо дар навбати худ бояд 17000 омӯзгори дигарро дар маҳалҳояшон ба омӯзиш фаро гиранд. Аммо, ҳоло ин раванд суст роҳандозӣ шуда истодааст ва ҳоло бисёр омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар раванди таълим ҳанӯз ҳам аз усули анъанавӣ истифода менамоянд.
Муяссара БОБОРАҶАБОВА, омӯзгори МТМУ  № 36 ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед