logo

иқтисод

ХАТЛОН. 42 ҲАЗОР ҶОЙИ НАВИ КОР ТАЪСИС ЁФТ

Натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2018 бо ширкати муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоҳир, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомот, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи иҷтимоӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, молия, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, раисони шаҳраку деҳот ва фаъолон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2019 муайян шуданд.
Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии вилоят дар соли 2018 ва вазифаҳо  дар соли 2019 гузориш дода,  зикр намуд, ки соли гузашта қисми даромади буҷет 100,6 фоиз таъмин гардид. Дар ҳамин ҳол панҷ ноҳия натавонист қисми даромади буҷетро таъмин намояд. Ҳарчанд бақияпулиҳои андоз 12 миллион сомонӣ кам гардида бошанд ҳам, вале ҳанӯз қарзи бақияпулиҳои андоз 202,8 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Дар вилоят қарзи нафақа вуҷуд надорад.
Зимни санҷиши кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 26 миллион сомонӣ маблағи тасарруфӣ ошкор гардид, ки аз ин 25,8 миллион сомонӣ барқарор шудааст. Давоми сол беш аз 42 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин иҷрои барномаи давлатиро дар ин самт 78 дарсад таъмин мекунад. Мутаассифона, қарзи музди меҳнат 7,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2018 барои кишоварзони вилоят бобарор буд. Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 12,8 миллиард сомонӣ баробар шуд. Танҳо истеҳсоли пахта ва ғалладона коҳиш ёфт. 96,4 ҳазор тонна маҳсулот содирот шуд, ки ин дурнамои солонаро 155 фоиз таъмин менамояд. Истеҳсоли картошка, сабзавот ва мева барзиёд таъмин гардида, дар майдони 935 гектар боғ ва 36 гектар токзорҳои нав бунёд ёфтанд. Дар 22 анбор ва 35 сардхона ба миқдори муайян маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст.
221 хоҷагии моҳипарварӣ 1 ҳазору 380 тонна моҳӣ истеҳсол кард, ки нисбат ба соли гузашта 101,7 тонна зиёд мебошад. Аммо  қисме аз хоҷагиҳои моҳипарвар истеҳсоли худро аз андоз пинҳон дошта, ба идораҳои омор маълумот пешниҳод намекунанд.
Бақияи қарзи  хизмати обрасонӣ 72 миллион сомонӣ боқӣ мондааст, ки сари ин масъала қарздорон бояд ҷиддӣ андеша ронанд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат саноат дар вилоят сол ба сол рушд ёфта, давоми сол 74 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият пардохтанд. Аз 549 корхона дар вилоят 32 - тои он ба истеҳоли равған машғул буда, давоми сол 9,3 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол кардаанд, ки ин ҳамагӣ 36 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. 15 корхонаи коркарди меваю сабзавот давоми сол 418 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол кардаанд, ки ин талаботро пурра қонеъ кунонда наметавонад. Ҳаққи ҷамъоварии барқи истифодашуда пурра таъмин нашудааст.
Дар  вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии соҳибкорон роҳҳо мумфаршу сангфарш мешаванд, вале ин ҳанӯз кам аст. Шаш пул дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, аломатҳои роҳ намерасанд.
Дар бахши сохтмон 2 миллиарду 662 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Давоми се соли оянда ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 6 ҳазору 60  иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифодабарӣ қарор гирад.
Муовини раиси вилоят оид ба соҳаи маориф андеша баён карда, таъкид дошт, ки дар 7 ҳазору 342 муассисаи таълимӣ 43,8 ҳазор нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 729 ҳазор хонанда машғул мебошанд. Аммо, ҳоло ҳам омӯзгорон намерасанд ва сатҳи дониши хонандагони як қисм ноҳияҳо паст мебошад.
Дар соҳаи тиб низ камбудиҳо ҷой доранд. Зарур аст, ки базаи моддии соҳа мустаҳкам гардида, таҷҳизоту технологияи муосир бештар ворид карда шаванд. Давоми сол 856 номгӯи доруҳои пастсифат ошкор ва несту нобуд карда шуд.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ба рушди бештари ин соҳаҳо мусоидат мекунад. Соли гузашта беш аз  230 ҳазор сайёҳ ба тамошои мавзеъҳои сайёҳии вилоят омаданд. Дар робита, 581 ёдгории таърихӣ, 73 китобхона, 31 осорхона ва дигар марказҳои фарҳангиро дар ҳоли хуб нигоҳ дошта, қисмеро аз таъмиру тармим баровардан зарур аст. Аз 72 маводи танқидӣ дар матбуоти вилоят нашршуда танҳо ба 45 мавод вокуниш нишон дода шудаасту халос. Мутаассифона, ба 189 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби прокурорҳо эътироз оварда шудааст, ки аксарияти онҳо вобаста ба қонуншиканӣ дар тақсимоти замин мебошанд.
Муовини Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ зикр намуд, ки саҳми кишоварзон, саноатчиён, аҳли ҳунару фарҳанги вилоят дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле назаррас мебошад.
- Аммо, 80 ҳазор тонна коҳиш ёфтани истеҳсоли пахта, пешниҳоди маълумоти номукаммали оморӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замин, фаъолияти номунтазами асотсиатсияҳои истифодабарандагони об, боқӣ мондани қарзи хизмати обрасонӣ ва напардохтани ҳаққи барқи истифодашуда, мушкилоти таъмиру азнавсозии мактабу синфхонаҳо, ба ҷиноят даст задани ноболиғон, норасоии таҷҳизоти тиббӣ, боқӣ мондани қарзи музди меҳнат ва камбудиҳои  дигари ҷойдошта ба андешаи ҷиддӣ ва ислоҳи куллӣ водор менамоянд. Ин масъалаҳо бояд дар соли 2019 ҳалли мусбати худро пайдо кунанд, - таъкид кард ӯ.
Дар ҷамъбасти ҷаласа изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми шарифи Хатлонзамин, кормандони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор буда, тамоми дониш, қувва ва неруи худро дар соли 2019 ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонуну қарорҳои қабулшуда, саноатикунонии мамлакат, бунёди иншооти ҳаётан муҳим, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, рушди саноату кишоварзӣ, фарҳангу варзиш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, солимии аҳли ҷомеа, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, тарбияи ҷавонон сарф хоҳанд намуд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли равон Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ва Ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Кӯлоб таҷлил мегарданд ва дар сатҳи олӣ баргузор кардани ин ҷашнҳои ифтихорӣ аз ҳамаи сокинони вилоят саъю талош ва масъулияти баланди ватандориро тақозо менамояд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед