logo

ҳуқуқ

АГАР ВОЛИДОН МАСЪУЛИЯТ ҲИС НАМЕКУНАНД...

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар асоси нақшаи вижаи корӣ, бо мақсади ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас, дар ҳудуди ҷумҳурӣ чорабиниҳои мақсаднок гузаронданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз 9 январ инҷониб дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ кормандони ВКД дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерӣ ҳамарӯза чорабиниҳои мақсаднок мегузаронанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони ХПҲНҶ ВКД ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро нигаронкунанда арзёбӣ карда иброз дошт, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳафт сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз муқаррароти қонуни мазкур аз тарафи баъзе  падару модар ва масъулон ба пуррагӣ риоя намегардад. Дар ин раванд боз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёту фаъолияти ноболиғону ҷавонон дар бораи таълиму тарбияи онҳо қабул гардидааст. Чунончи, зимни баргузории як қатор амалиётҳои пешгирикунанда, ба кормандони милитсия муяссар гардид, ки 119 нафарро ба шуъбаҳои маҳаллии ВКД дастрас намоянд, ки аз ин шумора 54 нафар ноболиғ мебошад. Ҷойи таассуф аст, ки дар бисёр ҳолатҳо волидони ин ноболиғону наврасон, ҳатто намедонистанд, ки фарзандонашон дар хона нестанд.
Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, нисбат ба 29 нафар волидони ноболиғони боздоштшуда бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, 4 нафар навраси оворагард дар кабулгоҳ - таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ҷойгир карда шуда, бо 12 нафари дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Аз ин рӯ, аз падару модарон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо ба амалҳои барои имрӯзу ояндаашон зараровар машғул шаванд.  Маҳз беназорат гузоштани фарзандон боиси ба кору кирдорҳои номатлуб машғул шудани онҳо мегардад.
 Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 749
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед