logo

фарҳанг

"САДАРО ҲУРМАТИ БИСЁР БУВАД"

Тибқи андешаи ниёгони мо, равшанӣ ва оташу Хуршед таҷаллии Худованд аст. Мардумони  ориёитабор аз даврони бостон чунин меандешиданд ва ҳангоме ситоиши Худовандро  ба ҷо оварда намоз мегузориданд, ба сӯи Само ва Хуршед рӯ меоварданд. Ин маънии онро дошт, ки нур ва гармӣ сабаби давомияти рӯзгор ва ҳастии мавҷудот мебошад. Агар мо аз ин дидгоҳ ба ҷашнҳои ориёӣ - Наврӯз, Меҳргон ва Сада жарф назар андозем, бисёр паҳлуҳои фалсафӣ ва маънавию бадеии мероси ниёгон падид меоянд. Пайдоиши ҷашни Сада,  бидуни шубҳа, ба пайдоиши оташ иртиботи ногусастанӣ дорад.
Дар байни ориёиҳо ривоят ва достонҳои мутааддид дар бораи Оташ ва чӣ тавр пайдо шудани он арзи ҳастӣ намудаанд ва роиҷтарини онҳо ривояти ҳаким Фирдавсӣ мебошад, ки дар «Шоҳнома» омадааст.  Тибқи ин ривоят, ҳангоми шикори шоҳи пешдодӣ Ҳушанги номвар мори сиёҳ намудор мешавад. Ҳушанг сангеро гирифта, ба ҷониби он мор мепартояд. Санг ба санги дигар бармехӯрад, аз онҳо оташак  парида, хасу хошоки гирду атроф оташ мегирад ва мор мегурезад.
Ҳушанг ба ин муносибат ҷашн ороста, онро Сада ном мегузорад:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Муҳаққиқину пажӯҳандагони ҷашнҳои ориёӣ бар онанд, ки чун нур рӯшноӣ, оташу Хуршед аз мазҳари Аҳуроанд,  ҳамин ки оташ афрӯхта мешавад ва Хуршед нурафшону гармидиҳӣ мекунад, торикӣ, ки мазҳари Аҳриман аст, фурсати зиёнрасонӣ наёфта,  роҳи гурезро пеша менамояд.
Оташ дар байни ҳамаи қавмҳои ориё мақоми бузург дорад. Тибқи асотири ақвом ва гурӯҳҳои ориёиҳо аз рӯи пажӯҳиши Ҳошими Разӣ, ки яке аз пажӯҳишгарони мумтоз ва забардаст дар ин соҳа мебошад, дар бораи оташ ва муқаддас доштани он афсонаву ривояти зиёде арзи ҳастӣ намудаанд. Хосса, дар Авасто ва манбаъҳои форсии миёна, яъне паҳлавии сосонӣ ин гуна ривоятҳову  устураҳо зиёд ба назар мерасанд. «Чун нур, рӯшноӣ, оташу Хуршед, - хотирнишон намудааст Ҳошими Разӣ, - мазҳари Аҳурамаздо буданд, ин мазҳар бо даромади худ палидӣ, беморӣ, зиштӣ, тарс ва ҳамаи осори  шарорату шайтониро нобуд мекард ва мегурезонид. Дар учоқҳои хонагӣ, дар одарёнҳову (оташнигоҳдориҳо) дарби меҳробҳову оташкадаҳо онро ҳамвора равшан нигоҳ медоштанд. Дар оғози ҳамаи ҷашнҳо оташ меафрӯхтанд ва ситоишу намози Аҳурамаздоро анҷом медоданд».
Чун нақшу мавқеи оташ дар рӯзгори инсонҳо аз даврони пайдоиш то кунун хеле бузург аст ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар даврони мо идомаи ҳамин эҳтиёҷу дархости инсонҳост, дар бораи ин мазҳари зинданигоҳдорандаи инсонҳо ибтидо аз Авасто мардумони ориёӣ онро ситоиш намуда, таронаву сурудҳои зиёде эҷод кардаанд.
Оташ ва мавқеву манзалати он дар рӯзгори ориёиҳо ба парастиш табдил меёбад ва ба ҷашни оташ – Сада мубаддал мегардад.
Ориёиён ҷиҳати хомӯш нагардидани оташ онро дар оташдонҳо, оташкадаҳо, одарёнҳо ва дарвозахонаҳои меҳробҳо ба таври доимӣ равшан  нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа ниёгони мо вобаста ба мавқеъ ва манзалати оташ як силсила маросимҳои оташро созмон медодагӣ шуданд, ки аз ҳама бештару шукӯҳмандарини онҳо ҷашни Сада аст.
Вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврон панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ин ҷашнро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ҷашни Сада низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташанд.
Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш ба ёдгор мондани ҷашни Сада аз Исфандиёру Каюмарс ишора намудааст:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба  шоҳон Фаридуну Ҷамшед ва даврони салтанати онҳо нисбат медиҳанд. Шоири қарни  XI Унсурӣ нигоштааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ, дар даврони бостон, хосса дар аҳди Сомониён, барои баргузории бошукӯҳу аҷибу ғариби ҷашни Сада дар талу теппа  ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо  ҳезуми бисёреро болои ҳам мечиданд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Шаби тор равшан гардида, қалби мардумро фараҳу  шодӣ фаро мегирифт.
Ҷашни Садаро дар даҳумин  рӯзи моҳи Баҳман (баробар ба 30-юми моҳи январи мелодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи мардум, дар ин ҳангом  сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад ва аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад.
Бегумон, сабаби аслии пайдоиши  ҷашни Сада кашфи оташ аст. Оташи аҳурамаздоӣ ҳамин ки медурахшад, маргу бадиро ба дур меронад ва инсонҳоро аз касифию  бадбахтӣ раҳоӣ мебахшад. Аммо баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардуми эронӣ пажӯҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид, бар он ақидаанд, ки  пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад. Ба андешаи Тумос Ҳоид, шаби Сада баландтарин шаби зимистон аст. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд.
Мардумони ориёитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши хос ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони  Осиёи Марказӣ бештар бо корҳои кишоварзӣ, хосса боғдориву ғаллакорӣ, иртибот  дорад. Ба андешаи Е. Бертелс, И. Брагинский, Н. Кисляков, М. Андреев, М. Раҳимов, А. Неъматӣ, Д. Раҳимов ва муаллифи ин сатрҳо ҷашни Сада на танҳо ҷанбаи ривоятиву достонӣ, балки, инчунин, нуҷумиву гоҳшуморӣ дорад. Ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан мебошад, аз ин рӯ, ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем:
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Хуррам аст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт:
«Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад».
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 1002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед