logo

ҳуқуқ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. БАРОИ ВОЛОИЯТИ ОН ДАР ҶОМЕА ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШЕМ!

Бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009 – 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зарурати қабули барномаи мазкурро барои солҳои 2019 – 2029  ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009 - 2019 зарур мешуморам, ки ҷиҳати даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад».
Воқеан, қабули барномаи мазкур барои даҳ соли оянда дар паст  кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мусоидат мекунад. Зеро таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ миёни худ дар ҳоли пайвастагӣ қарор доранд.
Аз ин рӯ, мақомоти судӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бориз дорад. Гузарондани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ, меҳнатӣ ва манзилӣ доранд, зиёд намудани шумораи мурофиаи судии сайёр яке аз роҳҳои самарабахши баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мебошанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари ҷиноятҳои содиргашта аз надонистани одитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳолӣ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, баҳри пешгирии болоравии сатҳи ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд чораҳои муассир андешем. Ташкил кардани корҳои тарғиботӣ- омӯзишӣ дар маҳалҳо, чоп ва паҳн кардани варақаҳои ҳуқуқӣ, таҳияи барномаҳо дар телевизион, матбуот ва дигар васоити ахбори омма ба манфиати кор буда, дар ин ҷода аз тамоми воситаҳои тарғиботу ташвиқот истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, таҷрибаи судӣ дар самти баррасии парвандаҳои оилавӣ нишон медиҳад, баъди бекор гардидани ақди никоҳи тарафҳо, таъсири ин падидаи номатлуб ба ҳолати равонӣ ва ахлоқии фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи моддаи 34 Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам, ин иҷро накардани уҳдадориҳои оилавӣ аз ҷониби падару модар ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини иҷтимоии волидон мебошад, ки он дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон беҳбудиро тақозо менамояд. Яке аз проблемаҳои ҳалталаб раванди пошхӯрии оилаҳои ҷавон мебошад, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд гардида, ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил меёбад. Бояд гуфт, ки барпо намудани оила, пеш аз ҳама, ҳуқуқи иҷтимоии ҳар як фард  мебошад, зеро бидуни оила ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта наметавонад ва аз ҳама муҳим сатҳи моддию маънавии ин ё он ҷомеа аз дараҷаи маърифату некуаҳволии оилаҳо муайян карда мешавад.
Дар ин раванд, баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оиладорӣ ва бекор намудани ақди никоҳ яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ мебошад, ки тавассути он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо барои таҳкими оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузории оила ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мақомоти дахлдори кишвар чораҳои зарурӣ, ба монанди сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гузаштан аз ақди никоҳи давлатӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон андешида, он ҷавононеро, ки мехоҳанд аз ҳам ҷудо шаванд, насиҳат карда, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро аз иқдомашон баргардонданд.
Дар маҷмӯъ, масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Пешвои миллат дар  Паёми навбатиашон  кормандони мақомоти судро вазифадор намуданд, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо  Пешвои миллат таъкид намуданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар ҳаёту фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд.
Шаъмигул НУРУЛЛОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 1249
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед