logo

иқтисод

СУҒД. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 11,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

Дар ҷаласаи ҷамъбастии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки бо иштироки  муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва фаъолони вилоят баргузор шуд, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 баррасӣ ва вазифаҳо барои солҳои минбаъда муайян гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки соли 2018 дар вилоят бобати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои мавриди амали ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва амиқ роҳандозӣ гардиданд. Алҳол барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ маҷмӯи корҳои ободониву созандагӣ амалӣ мешаванд, ки ба рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамзамон, болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  доир ба  натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 гузориш дода, зикр намуд, ки соли 2018 рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии  вилоят дар маҷмӯъ таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18,3 миллиард сомонӣ расонда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаришуда ба 11,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба соли пешӣ 10,5 дарсадро ташкил кард. Давоми сол 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва1431 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардид.
Тибқи нақшаи тадбирҳо барои истиқболи сазовори Ҷашни фархундаи миллат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 272 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис меёбад.
Дар пайи роҳандозии тадбирҳои судманд кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиарду 85,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда, суръати афзоишро нисбат ба соли пешӣ ба 5,2 дарсад расонданд.
Аз ҳисоби буҷети вилоят барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон ба мавсими киштукор ба ноҳияҳои Мастчоҳ 300 ҳазор, Зафаробод 1 миллион ва Ашт 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 1,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, ба ноҳияи Мастчоҳ барои иваз намудани 200 метр лӯлаи баландфишори пойгоҳи обкашии “Янтоқ-2”  250 ҳазор сомонӣ ва барои хариди 2 муҳаррики барқӣ барои пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2”   2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6000 иншоот, аз ҷумла 299 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 92 муассисаи томактабӣ, 54 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангию фароғатӣ,  20 гулгашт, 35 китобхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 249 сартарошхона, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн, 267 маркази савдо, 329 маркази хизматрасонӣ, 122 толор ва 285 майдончаи варзишӣ, 78 майдончаи бозии кӯдакон, 41 меҳмонхона, 170 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва зиёда аз 3200 адад иншооти дигари иҷтимоию иқтисодӣ тарҳрезӣ гардида, амалисозии нақшаҳо бо маром идома дорад. Соли 2018 бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сармоягузорону саховатмандон, фаъолону аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ 1175 иншооти таъйиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд 100 автобуси мусофиркаш ворид гардида, сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти дохилишаҳрӣ беҳтар шуд.
Раиси вилоят дар баробари дастовардҳо камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро низ баррасӣ намуда, ба раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарону масъулони соҳаҳо супориш дод, ки бобати ислоҳи онҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги миллӣ, таъмини рушди соҳаҳои хоҷагидорӣ, амалисозии иқдому ташаббусҳои нек, аз ҷумла татбиқи нақшаҳо дар доираи Солҳои рушди маҳал, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,   тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ вазъи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  вилоятро мавриди амиқ таҳлил намуда, бобати татбиқи босифати нақшаву барномаҳои давлатӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва дастуру супоришҳои мушаххас дод.
С. РАҶАБЗОДА, Ҷ. АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2019    №: 15    Мутолиа карданд: 923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед