logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ БОЛО МЕРАВАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо созмонҳои бонуфуз ва  давлатҳои ҷаҳон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, бо ибтикору пешниҳодҳои созандаи хеш, аз ҷумла доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардидааст.
Эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005 - 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ҳамчунин, барои бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон мебошанд.
22 марти соли гузашта, дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028» расман оғоз гардид.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Тибқи омори расмӣ, зиёда аз 60 дарсади захираи обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар кишвари мо ташаккул меёбад.
Ҳукумати мамлакат дар доираи даҳсола ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба об, ки аз проблемаҳои глобалии имрӯзу фардои сайёра маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Дар кишвар конфронсу симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди ҷаҳонӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими доир ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоишҳои сатҳи баланд Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об муаррифӣ шуд.
Баррасии масоили мавҷуда ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаю санитарӣ дар асоси ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа ёфтанд. Бино ба маълумоти ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард ва то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии рӯйи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид. Маҳз бо назардошти ҳолати мушкилоти глобалии об ва ҳалли масоили дигари алоқаманд ба он, давлату созмонҳои  байналмилалӣ доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва андешидани тадбирҳо барои дастрасӣ ба оби тоза бояд дар чорчӯбаи даҳсолаи мазкур ҳамкориву шарикии созандаро ба роҳ монанд. Амалигардонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ мусоидат мекунад, эътибори ҷаҳонии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад.
Шариф ХУШВАХТОВ, омӯзгори МТМУ № 49 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед