logo

иқтисод

ХУҶАНД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Ҷамшед Абдуқаюмзода оид ба афзоиши ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҷамъомад баргузор гашт. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, ба «Ҷумҳурият» хабар дод.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, доир ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан карда, иброз дошт, ки эълон гардидани саноатисозии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии чоруми миллӣ ва ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҳар як фард, алалхусус соҳибкорон ва саноатчиён, талаб менамояд, ки барои расидан ба ин мақсади ҳаётан муҳим тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созанд.
Зикр шуд, ки бо назардошти имконоту шароитҳои фароҳамовардашуда, саноатчиёни шаҳр бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсолот на кам аз 130 дарсад таъмин гардад.
Пешниҳод гашт, ки дар шаҳр  маҳфили машваратии саноатчиён бо шумули роҳбарони таҷрибадори соҳа таъсис дода шавад, ки ҳадафи асосии он ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта дар корхонаҳои саноатии шаҳр мебошад. Инчунин, байни молистеҳсолкунандагон озмунҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Соҳибкори беҳтарин», «Саноатчии беҳтарин», «Маркетологи беҳтарин», «Корхонаи беҳтарин», «Технологияи нави беҳтарин», «Андозсупорандаи беҳтарин» ва ғайра гузаронда шавад.
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 1209
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед