logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

3 ҲОЛАТИ ДУЗДӢ
1. Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ марди 32 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Оббурдон, корманди ҶДММ «Сафедгул - 786», муроҷиат кард, ки шаби 24 - 25 декабри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхона даромада, 2 тонна пахтаро, ки маблағи умумиаш 28 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
Зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар сокини ҷамоати зикргардида, бо ҷурми дуздӣ дастгир шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  шуда, тафтишот идома дорад.

2. Роҳбарияти филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» ба ШВКД - 1 дар ноҳияи Сино мактуб ирсол кард, ки моҳи ноябри соли 2018 шахсони номаълум аз зери бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҷ. Расулови пойтахт ноқилҳои телефониро, ки арзишашон 17 ҳазору 570 - сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.
Бо доир намудани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 16 - 17 - соларо бо гумони дуздӣ дастгир карданд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

3. Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 42 - солаи сокини шаҳр муроҷиат кард, ки шаби 17 ба 18 январи соли 2019, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3000 сомонӣ, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, ки арзишаш 3200 - сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20 - солаи сокини шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи соли 3 - юми Донишкадаи  технология ва менеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зани 35 - солаи сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат мекунад, ки моҳи январи соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 адад телевизори тамғаи “Самсунг”, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро, ки арзиши умумиашон 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32 - солаи сокини деҳаи Калинини ҳамин ноҳияро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 925
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед