logo

ҳуқуқ

ИРОДА. РОҲИ ЯГОНАИ ХАЛОСӢ АЗ НАШЪАМАНДӢ

Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, нашъамандию нашъаҷаллобӣ аст, ки инсонро ҷисману рӯҳан ноором сохта, зиндагиашро аз фароғату осоиш дур ва фалаҷ месозад.

Нашъамандӣ яке аз самтҳои ба пастӣ ва нестӣ бурдани иқтисоди оила ва шахси нашъаманд ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки нашъамандиро вабои аср  ва маризии марговар номидаанд. Тавре дар барномаҳои телевизионӣ, ахбори ВКД ва умуман, расонаҳо ва симои дохилу хориҷ ба мушоҳида мерасад, аксари гирифторони ин бемории марговар наврасон ва ҷавононанд, ки аз худсарӣ, беназоратии волидон ва надоштани маълумот оид ба зарару зиёни ин мавод ба васваса ва фиреби ашхоси нашъаманд ё нашъаҷаллоб гирифтор шуда, ба хотири айши яклаҳзаина ба ин маводи хатарзои марговар вобаста мегараданд.
Нашъамандӣ аз калимаи юнонии narkomania гирифта  шуда, (narko - хоб, карахтшавӣ (догма) ва mania - беақлӣ, майл, хоҳиш, рағбат) ҳолати мунтазами одам, ки аз истеъмоли моддаҳои нашъаовар (психоактивӣ) ба вуҷуд меояд.
Мутаассифона, баъзе афрод омили асосии тамоми мушкилотро дар паст будани сатҳи иқтисодии оила мебинанд ва нашъамандиро низ бо баҳонаи марбут ба паст будани сатҳи зиндагӣ ва омили ба фаромӯшӣ ва нестӣ бурдани проблемаҳои рӯзгор, умуман аз зеҳн тоза кардани фишори зиндагӣ истифода мекунанд. Вале мо наметавонем айш ва сархушию нашъамандиро ба мушкилоти рӯзгор нисбат диҳем. Дар намоишномаҳои телевизионӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки фарзанди мансабдор ё сарватманд бо айбдор шудан ва паҳн намудани ин заҳри қотил дастгир гаштааст, ки аслан дар зиндагӣ ба мушкилоти пулӣ ва молӣ рӯ ба рӯ нест. Пас, метавон ба хулосае омад, ки паст будани сатҳи зиндагӣ баҳонаест барои нашъамандон.  Набояд инро фаромӯш кард, ки омили мутлақ ва ё ҳақиқати бебаҳсе, ки метавонад одат ва ҳолати бади нашъаву нашъаҷаллобӣ ва майхорагиро аз вуҷуди инсон ба нестӣ барад ин ирода аст, ки ҳар яке аз мо онро ба тарзи хоси худ соҳибем.
Аз ин рӯ, роҳи ягонаи халосӣ аз нашъамандӣ иродаро ба муқобили ин хумори хонумонсӯз чун сипар боздоштан аст, вагарна он метавонад нашъамандро дар як муддати кӯтоҳ ба самти марг кашонад. Ба ин беморӣ гирифтор шудан гувоҳи аз тамоми лаззати зиндагӣ бенасиб шудан аст. Яъне, асиргаштагони ин беморӣ тамоми мақсаду нияти хешро ба хотири дарёфти андаке нашъа ва баршикастани хумори яклаҳзаинаи хеш равона месозанд ва ҳатто ба ин хотир, тамоми сарвату дороӣ, шарафи инсонӣ, модар ва Ватани муқаддаси хешро мефурӯшанд.
Бахтовар ҚАЛАНДАРОВ, узви ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед