logo

иқтисод

ГАРМХОНА МАНБАИ ФАРОВОНИИ САБЗАВОТ

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ сахт вобаста буда, дар ин раванд баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои табиӣ, истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ нақши намоён дорад. Дар бисёр ҳолат канда шудани занҷираи истеҳсоли давра ба давраи маҳсулот сабаби  баланд шудани арзиши он дар бозорҳои истеъмолӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, масъалаи дигаре, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат мебошад.
Дарвоқеъ, бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо дар фасли сармо сокинони мамлакат бо маҳсулоти тару тоза таъмин гашта, устувории бозори истеъмолии кишвар нигоҳ дошта мешавад. Гармхона - ин иншоотест, ки барои парвариш, кӯчату қаламчаи сабзавот, гул ва ғайра истифода бурда мешавад. Дар гармхонаҳо кишти зироатҳоро дар он маврид парвариш мекунанд, ки агар дар шароити замини кушод бинобар номусоид будани обу ҳаво рӯёндани ҳосили зироатҳо ғайриимкон бошад. Ҳамчунин, тавассути бунёди гармхонаҳо сокинони деҳот бо ҷойи кор таъмин мегарданд ва аҳолӣ тамоми мавсими сол бо сабзавоти тару тоза таъмин мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар 68,94 гектар майдони гармхонаҳои доимамалкунанда сабзавот кишт намуда, 1619 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1113 тонна помидор, 292 тонна бодиринг ва 214 тонна дигар навъи сабзавот истеҳсол карданд. Ба бозорҳои истеъмолии кишвар нисбат ба соли пешӣ 198 тонна зиёд маҳсулот пешкаш гардид.
Мутаассифона, бо назардошти захираву иқтидорҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳа  ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст, яъне имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Масоҳати умумии гармхонаҳои доимамалкунада дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 68,94 гектарро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, бунёди гармхона ва парвариши сабзавот дар он хароҷоту меҳнати зиёдро талаб менамояд. Дарёфти масолеҳи сохтмон барои бунёд ва ангишт барои гарм кардани гармхона ба деҳқонон мушкил меафтад. Бо вуҷуди ин, таҷриба борҳо собит намудааст, ки   гармхонаҳо хароҷотро дар муддати кӯтоҳ мепӯшонанд.            
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 970
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед