logo

фарҳанг

ОТАШИ ҶАШНИ САДА

Ҷашни Сада.                                   
Ин иди ниёгон дар хаёли мо, дар дили мо нур меафканад, моро бо расму оини ниёгон рӯ ба рӯ менамояд.
Ҷашни Сада саду як қиссаву ривоят дорад, саду як достону қасида дорад.
Ҷашни Сада ҷашни нуру зиёст, ҷашни тавлиди оташ асту аз қаъри таърих маншаъ мегирад.
Худ достони безаволи «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ беҳтарин муаррифгари ин ҷашну кашфи оташ аст:
Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Чӣ сон ёдгор монда аз Ҳушанг?! Қисса чунин аст, ки Ҳушанги Пешдодӣ рӯзе ба шикор  меравад ва море дар сари роҳаш  пайдо мешавад.
Ҳушанг санге ба сӯи мор меандозад, аммо:
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Санг ба санг бармехӯраду оташ падид меояд.
Донишманди маъруф Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ меоварад, ки: «Аз ин устура ду омили мутазодди зиндагӣ рӯбарӯи ҳам қарор мегирад: Аҳриман морро, ки мазҳар ва ҳамрешаи марг аст, падид овард ва Аҳурамаздо дар баробари он, барои муқобила ба он оташро офарид ва ба ин тартиб, оташ муқаддас шуд ва Ҳушангшоҳ ба маҳзи дидани он Аҳурамаздоро сипос гуфт.
Ва ба шодии ин иду оташе барафрӯхтанд ва бар гирди он ба сурур пардохтанд ва номи онро Сада гузоштанд».
Дар «Шоҳнома» боз ривояти дигаре вобаста ба Ҷашни Сада оварда шудааст. Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ онро чунин бозгӯ мекунад:
«Баъд аз он, ки Фаридун бо лашкари худ савора мутаваҷҷеҳи Дамованд шуд, то он мардумро ба шаҳр боз оварад. Чун шаб даромад ва роҳ гум карданд, бифармуд, то оташҳо барафрӯхтанд ва халқе азим аз озодкардагон... ҷамъ оварданд ва Фаридун дар он шаб шодиҳо кард ва ҷашне фармуд ва Ормоилро меҳи мӯғон кард. Эрониён ба ёдгори ин шодӣ ҳар сол дар он шаб оташ меафрӯзанд…».
Сада аз адади сад гирифта шудааст. Аз рӯи гуфтаҳо, гӯё то ба Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб монданро пешакӣ ид мекарданд.
Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ дар «Осор - ул - боқия» меоварад, ки: «…дар ин рӯзҳо духули офтоб ба бурҷи Ҳамал наздик буда, мардум шодмонӣ мекунанд, аз баҳри он, ки шиддати сармо сипарӣ шуд ва рӯзҳои гарми баҳор наздик мегарданд».
Боз сад нафаре, ки аз дасти Заҳҳок бо тадбири ошпаз зинда мемонанду сад машъалро дар шаби тор фурӯзон намуда, Фаридунро шодмон мекунанд….
Дигар он, ки «Ҷашни Сада садумин рӯз аз оғози зимистон ва сад рӯзу шаб монда ба аввали баҳор, ё тобистон баргузор мегардид».
Ба Наврӯзи Ҷамшеду Ҷашни Сада,
Ки нав гашта ойини оташкада, -
гуфтани Низомии Ганҷавӣ аз ҳамин сабаб аст.
Шоирон Унсурию Фаррухӣ, Манучеҳрию Хоқонӣ ҳам бахшида ба ин ҷашн шеъру қасидаҳо сароидаанд. Аз ҷумла, Унсурӣ мегӯяд:
Сада ҷашни мулуки пойдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ҷашни Садаро дар баъзе сарчашмаҳо ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳанд.
Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар китоби «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» овардааст, ки: «Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки муҳаққиқон онро (Садаро) ба Сиёмаки устуравӣ нисбат медиҳанд. Писари ӯ Ҳушанг, ки ҷонишини бобои хеш шуда буд, Ҷашни Садаро созмон дод. Аз дидгоҳи оини зардуштӣ Фарҳангмеҳр ин ҷашнро ба ёд овардани нуру равшанӣ, оташ ва ҳарорати он арзёбӣ кардааст…».
Ва дар «Авесто» ситоиши оташ гӯё ба Ҷашни Сада вобастагӣ дорад. «Дуруду ситоиш ба ту, эй оташи Аҳурамаздо, меситоям ин равшании поку дурахшонро. Ин, ки ба мо ошкорӣ, тавону неруямон бахшоӣ, то беҳтарин андешаву гуфтору кирдорро дошта бошем. Ёриамон деҳ, ки бо бадию зиштӣ ва дурӯғ пайкор кунем».
Ин ниёиши худ ба нури Илоҳӣ, ба нури покию озодагӣ бесабаб нест.
Оташи қалб бояд кинасӯзу соф бошад, ба иду айём, шодию нишот пайвандад.
Садаро дар фасли сармо, дар дили зимистон ҷашн гирифтан бесабаб нест. Дар фасли сармо неру гирифтан, оташсифат будан ба ниёгони мо хос аст.
Сада ҳам чун Ҷашни Наврӯз дар ҳавои кушод, дар фазои озод ва талу теппаҳо ҷашн гирифта мешуд.
Сада моро ба мо мешиносонад, Сада моро бо саду як расму оини худ ҳамово месозад.
Сада мерӯяд, сада аз нав эҳё мегардад, сада садои дили оташниҳоду оташхӯро ба мо ифшо месозад.
Сада ҷашни ниёгони мост, ҷашни мардумони озодаву сарбаланди мост.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед