logo

фарҳанг

МУЖДАИ НАХУСТИНИ БАҲОР

Сада яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориёитабор мебошад, ки дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 30 январ) баргузор мегардад.
Бино ба тадқиқоти олимони тоҷик, Сада, ки марбут ба Хуршед ва оташ мебошад, ҷашни хеле қадимӣ буда, таърихи пайдоишаш ба замони пешазориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.
Агар рамзҳои асосии Наврӯз суманак ва Меҳргон дастоварди марди деҳқон бошанд, Сада ҷашнест, ки ба гармиву рӯшноӣ иртибот дорад ва асоси онро оташ ҳамчун рамзи гармӣ дар бар мегирад. Он рамзи рафтани фасли дай, муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба кишту кор мебошад.
Доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни Сада Абурайҳони Берунӣ дар «Ат -  тафҳим» чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу (чормағз), бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву (бозӣ) шодӣ кунанд.  Ва, аммо, сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб аст».
Сада дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият ва эҳтироми хосса доштааст. Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони барӯманди миллат илман собит намуданд, ки Сада ба ягон дину мазҳаб иртибот надошта, ҷашни кайҳону табиат аст.
Хушбахтона, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар қатори ҷашнҳои миллии  мо - Наврӯзу Меҳргон дубора эҳё гардид.
Зебинисо ОТАБОЕВА,
корманди Осорхонаи таърихию кишваршиносии
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед