logo

маориф

РУШДИ МАОРИФ ДАР МАҲАЛ

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дастовард ва ислоҳи камбудиҳои соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд. Барои дастёбӣ ба мақомҳои аз ин ҳам баландтар моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар намоем, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем,- гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ш. Сатторов.
Ҳоло дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 13 ҳазору 817 хонанда таълим мегирад. Ба кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия 975 омӯзгор вобаста мебошад. Соли гузашта бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 омӯзгори ҷавон омада, бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳоло 71 нафар тариқи инфиродӣ дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд. Ҳамзамон, 18 нафар хатмкунанда бо Квотаи президентӣ, аз ҷумла бо дастури Пешвои миллат 7 нафар ятими кулл ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар зарфи 27 - соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик сохта ба истифода додани 18 муассисаи таълимии  хуштарҳу замонавӣ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва фарогирии 157 синфхона барои 3918 ҷои нишаст ва ба маблағи 15 миллиону 187 ҳазор  сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, сохтмони хобгоҳ барои тарбиятгирандагони мактаб - интернати кӯдакони ятиму бепарастори Танобчӣ, гимназия барои хонандагони болаёқат ва интернати Кангурт барои 457 ҷои хоб ба маблағи 3 миллиону 582 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
- То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 4 муассисаи таълимии нав ва 15 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд бунёд мегардад. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯйро тарбия намуда, онҳоро ҳамчун насли ояндасози миллат ба воя расонем, - гуфт Шамсулло Сатторов.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед