logo

туризм

САЙЁҲӢ. НАТИҶАГИРИИ КУМИТА АЗ ОЗМУНҲО

Дар меҳмонхонаи «Hayat Regency Dushanbe»-и пойтахт бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳо ва доираҳои сайёҳӣ маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмунҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ва раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода доир ба дастовардҳо ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар сухан гуфта, иброз доштанд, ки  бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушду истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Соли 2018 «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардида, ҳадафҳои рушди соҳаро барои 12 соли минбаъда муайян намуд ва дар ин ҷода имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гаштанд.
Хамин тариқ, зимни ҷамъбасти озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» Шоҳҷоиза насиби рассом Ҷамшед Ҷӯраев гардида, ҷойи якумро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Асрори санг», ҷойҳои дуюмро ҶДММ «Рухом» ва ҶДММ «Карон» дар ноҳияи Дарвоз, ҷойҳои сеюмро ҳунармандон  Умед Ҳамидов (шаҳри Душанбе) ва Ҳакималӣ Камолов (ноҳияи Кӯшониён) ишғол намуданд.
Аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин ширкати сайёҳии сол” дар самти воридотӣ  ширкати «Ориент Адвентур» ва дар самти сайёҳии дохилӣ ҶДММ «Сафед - дара» ғолиб эълон гардиданд.
Аз рӯи номинатсияҳои “Осоишгоҳи беҳтарин” ва “Беҳтарин меҳмонхона” осоишгоҳҳои «Зумрад», «Хоҷа оби гарм», «Сатурн» ва меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Ҳаятт Реҷенси», «Серена», «Сафир», «Ҳиллтон» ва «Роҳат» дар радифи беҳтаринҳо дар самти ба роҳ мондани хизматрасонии муносиб ба меҳмонону сайёҳон ҳисобида шуданд.
Дар озмун оид ба таҳияи беҳтарин маҷмӯаи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» созмони ҷамъиятии «Маркази рушди туризм» пирӯз гардид.
Барои саҳми муносиб дар хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ Шаҳбоз Акрамзода,  Умеда Қурбонбекова, Ситора Набиева ва Ниёзқул  Неъматов  беҳтарин роҳбаладони соли 2018 дониста шуданд.
Дар бахши омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ширкатҳои «Глобал Транс», «Расул Сохтмон» ва барои иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати «Морхур» қадр гаштанд. Ҳамзамон, дар озмун миёни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон ҷойи аввал насиби ҳунарманд Фозилҷон Носиров шуд.
Ғайр аз ин, «Рахш такси», «Сабоҳ такси» ва дигар шарикони рушд, муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ҳамчунин, ВАО-и ватанӣ барои ҳамкории судманд дар таблиғу ташвиқи захираву имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардиданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 1096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед