logo

ҳуқуқ

БОСМАЧИГАРӢ ҲАРАКАТИ ЗИДДИМИЛЛӢ АСТ

Мусоҳибаи ихтисосии Фирӯзи Раҳмониён, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо муҳаққиқи тоҷик Фирдавс Мирзоёров
Ахиран мавзӯи босмачӣ ва босмачигарӣ дар баъзе расонаҳои мустақилу шабакаҳои иҷтимоӣ, минҷумла сомонаҳои наҳзатӣ ҳадафмандона пайгирӣ шуда, босмачиён аз тарафи бархе ноогоҳон ҳатто ба унвони қаҳрамонҳои миллӣ тавсиф мешаванд, ки чунин таҳрифкорӣ боиси вокунишҳои асосноки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, таърихшиносон ва фаъолони маданӣ гардидааст.
Мо дар суҳбати фарогире бо муҳаққиқи тоҷик Фирдавс Мирзоёров, ҳамин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтем, ки номбурда ба суолҳо оид ба шахси босмачӣ ва ҳаракати босмачигарӣ бо такя ба мадорики таърихӣ посух дод:

- Суҳбатро аз шарҳи вожаи «босмачӣ» ва заминаҳои пайдоиши ҳаракати босмачигарӣ шурӯъ мекунем, ки ахиран дар фазои маҷозӣ ва доираҳои наҳзатӣ ҳангома барангехтааст. «Босмачӣ» дар сарчашмаҳои илмию таърихнигорӣ ба кадом маъно зикр шудааст ва ҳаракати босмачигариро чӣ гуна метавон тафсир кард?
«Босмачӣ» аз калимаи туркии «босмоқ» гирифта шуда, маънои зер карда гирифтан, пахш карданро дорад. Босмачигарӣ унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳонаи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918-1935 мебошад. Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Вале ҳокимияти шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Россия монанд дониста, дар ҶМШС Туркистон «босмоқчӣ» мегуфтанд, ки ба маънои ғоратгар, тороҷгар, яъне чун тороҷгарон, ғоратгарон, зеркунандагон ва пахшкунандагон шинохта шудааст.
Бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон роҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиёсӣ, муваффақиятҳои нахустин, шикасти ниҳоии босмачигарӣ ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне, ба босмачӣ на аз рӯи иштирок дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст.
Агар ба ин мавзӯъ муфассалтар таваққуф намоем, баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Россияи шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои босмачӣ пардохтанд. Босмачигиро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати босмачигӣ (солҳои 1919 - 1922) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳбарони бевосита ва ҳақиқии босмачигӣ ташкилотҳои аксулинқилобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои исломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урча» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Чин, Афғонистон ва дигар давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон ёриҳои молию низомӣ мекарданд.
Соли 1918 водии Фарғона майдони асосии ҳаракати босмачигӣ гардид. Аввалин дастаҳои босмачигӣ охири соли 1917 бо сардории Эргаш дар Қӯқанд фаъолият намуданд. Баҳори соли 1918 босмачиён фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба ноҳияи Ӯш (Ош) ҳуҷум карданд. Солҳои 1918 - 1921 дастаҳои босмачиёни Мадаминбек, Кӯри Шермат ва Раҳмонқул-қӯрбошӣ ба водии Фарғона ҳуҷум карда, Ӯшу Ҷалолободро ба даст дароварданд. Ин фаъолияти босмачиён бо ташкили Ҳукумати муваққатии Фарғона анҷомид. Апрели 1921 баъди ғалабаи ҳокимияти маҳаллии шӯроҳо бо ёрии артиши русҳо дар Фарғонаву Бухоро 7 ҳазорӣ ва дар Хева ҳудуди ҳазор нафар босмачӣ боқӣ монда буд. Октябри 1921 вазири ҳарбии Туркия Анвар-пошо ба Бухоро омада, мардуми муътақид ба дини исломро ба «Иттиҳоди ҷамъиятҳои инқилобии мардуми мусулмони Осиёи Миёна» даъват кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки дастаҳои парокандаи босмачиёнро бо ҳам муттаҳид ва артиши 16 ҳазорнафараро ташкил диҳад.
Баҳори 1922 ҳамин гурӯҳи муташаккил Бухорои Шарқиро тасарруф кард. Ин мавҷи ҳаракат то шаҳри Хева густариш ёфт. Баъзе аз намояндагони ҳокимияти шӯроҳо бо босмачӣ ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Вале мудофеон тавассути гурӯҳҳои дифоъкунандаи деҳқонон, милитсияи ихтиёрӣ ва бо ёрии Артиши сурх Ҷумҳурии Бухороро аз босмачиён озод карданд. Солҳои 1921 - 1923 дастаҳои босмачиёни Ҳамроқул-қӯрбошӣ дар водии Зарафшон, Лаҳад-махсум дар волости Қистакӯз, Холбута волости Ӯротеппа, дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Эшони Султон, Фузайл Махсум ва Раҳмондодхоҳ дар Бухорои Шарқӣ ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо пайваста мубориза мебурданд.
Баробари шурӯъ шудани ҳаракати босмачигӣ устод С. Айнӣ ду мақола таҳти унвони «Босмачиёни Фарғона кистанд?» ва «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд бурд?» дар саҳифаҳои ҳафтаномаи тозатаъсиси «Шуълаи инқилоб» (21 август ва 1 сентябри 1921) чоп карда, моҳияту ҳадафҳои разилонаи ин ҳаракатро дар оғози пайдоишаш муайян ва бо босмачигӣ чи гуна мубориза бурданро зикр намуд. Воқеан, барои мубориза бо босмачигӣ мардуми ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ихтиёрӣ ташкил карда, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тозаи милитсия ва бригадаҳои савораи давлатӣ ба муқобили онҳо бархостанд. Душанбе аз босмачиён озод шуд. Анвар-пошо, ки ҳаракати босмачигиро дар Бухорои Шарқӣ низ роҳбарӣ мекард, дар яке аз даргириҳо дар Балҷувон кушта шуд. Миқдоре аз босмачиён баъди шикаст ба Афғонистону Чин ва Эрон паноҳ бурданд. Мубориза ба муқобили Иброҳимбек, ки дастурҳои амири собиқ ва мулозимонашро ба амал мебаровард, аввалҳои соли 1925 шурӯъ шуд. 23 июни 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷабулбулон дастгир гардид. Солҳои 1929-1930 босмачиён аз хориҷ ба ҳудуди Осиёи Миёна даромаданд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд.

- Шумо гуфтед, ки бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун вобаста ба арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Воқеан, мавҷи сафедкунии симоҳои босмачигарӣ кай оғоз ёфт?
- Мутаассифона, охири солҳои ҳаштодум, ибтидои солҳои навади асри бист ва аввали солҳои дуҳазорум сафедсозӣ ва пуштибонӣ аз қишри босмачӣ дар миёни аҳли зиё ба ҳукми анъана даромад ва дар матбуоти даврии вақт як идда қаламбадастони тоҷик қишри «босмачӣ» - ро ба қаҳрамонони миллӣ бадал карданд ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Суоли матраҳ дар қазияи босмачӣ ва босмачигарӣ ин аст, ки пуштибонон - сафедкунон дар асоси кадом далелҳои муътамади таърихӣ ва воқеӣ ин тоифаи золим ва тороҷгарро қаҳрамонони миллӣ ва мудофеони ватанӣ унвон мекунанд? Радду бадалҳои матбуотӣ дар робита бо босмачиёну ҳаракати босмачигарӣ дар чанд соли ахир боиси нофаҳмию гумроҳӣ дар муҳити иҷтимоӣ гардидааст ва насли ҷавон ба ин масъала ҳассосият нишон медиҳад. Ҳарчанд, ҷонибдорони босмачӣ ва босмачиён дар матбуоти даврӣ он қадар зиёд нестанд, аммо ин тарзи фаҳмиши масъала (қаҳрамонтарошии босмачиён) гироишҳои дунявиро дар минтақа зери суол мебарад ва раванди вусъати тафаккури асримиёнагиро дар ҷомеаи тоҷик тақвият мебахшад. Ин аст, ки ба масъала на бархӯрди муғризона, балки бархӯрди илмӣ - ихтисосӣ бояд кард, то ин ки ҷомеа ба гумроҳӣ кашида нашавад ва марзҳои хештаншиносӣ осеб набинанд. Имрӯз ҳассосиятҳо бештар рӯйи рӯйкардҳои имонӣ, на виҷдонӣ тамаркуз мекунанд. Ба ин маъно, ки табақаи рӯҳонӣ, бо назардошти нафрату бадбинии мафкураи коммунистӣ ва атеистӣ босмачиёнро мудофеони Ватан ва кишвар муаррифӣ карда, дар ин самт зиёд пофишорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, тарафдорон ва пуштибонони ҷараёни босмачигарӣ бештар табақаи рӯҳонӣ ва наҳзатӣ мебошанд.

- Чун суҳбат ба ин нукта расид, мехоҳам ин суолро матраҳ созам, ки чаро имрӯз наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар масъалаи қаҳрамонтарошии босмачиёнро ба истилоҳ дубора офтобӣ мекунанд? Онҳо бо ин амал чӣ ғаразеро пайгирӣ мекунанд?
- Боқимондаҳои созмони наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷ ба сар мебаранд, ҷиддӣ ҳадаф гузоштаанд, ки босмачиёнро ба сифати мудофеони ватанӣ муаррифӣ намоянд ва аз ин роҳ худро назди баъзе доираҳои сиёсию созмонҳои ғарбӣ, ки аз шӯравӣ сахт танаффур доранд, ширин кунанд. Ин «иқдом»-и наҳзатӣ баробар бо он тасмимест, ки дар ибтидои давраи истиқлолият аз ҷониби чанде фурсатталаб ва ҷабрдида сурат гирифта буд. Яъне роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳадафмандона ба самти беҳувият сохтани насли ҷавони тоҷик таваҷҷуҳ менамоянд. Ҷараёни ҳувиятситезӣ ва бардасозӣ аз чунин навъи «иқдомот» шурӯъ мешавад ва ин тарзи фаъолияти сиёсию идеологиро тими муосири наҳзатӣ дар меҳвари кор қарор додаанд. Дар бораи ҳаракати босмачигарӣ таваққуф карда, аз мусоҳибаи мондагори устод Бозор Собир ёдовар шудан ба маврид аст. Устод дар як мусоҳибаи матбуотӣ босмачиёнро мавриди интиқод қарор дода, бар он таъкид дошт, ки босмачиёнро имрӯз ҳам дар симои муллоҳою рӯҳониёни муҳофизакор ва фурсатталаби ватанӣ ба хубӣ метавон мушоҳида кард.
Элитаи наҳзатӣ дар нишасту маҳофили худ воқеиятҳои таърихиро таҳриф намуда, боифтихор мегӯянд, ки падару бобоҳои мо босмачӣ буданд. Шояд падару бобои раҳбарияти наҳзатӣ босмачӣ буданд, аммо инро ба души дигарон таҳмил кардан ва таъкид кардани ин ки аҷдоди мо – босмачиён қаҳрамонони миллӣ буданд, пайванди хунию нажодӣ додани худ бо ҳаракати зиддимиллии босмачигарӣ мебошад. Агар ин тоифа босмачизод ва босмачимаоб набошанд, чаро ин қадар аз босмачиён ҳимоят мекунанд?! Бар ин асос, таблиғи ҳаракати  босмачигарӣ «иқдомот» - и ҳадафноки сиёсати наҳзатӣ дар марҳилаи нави таърихӣ ба шумор меравад. Аммо, таърих ҳамаро ба ҷояш мегузорад ва ростро аз дурӯғ, хубро аз бад ва ҳақиқатро аз маҷоз ҷудо мекунад.

- Матлабе, ки ба наздикӣ сомонаи АМИТ «Ховар» интишор дод, ба мавзӯи босмачигарӣ иртибот дошта, ба қалами мунаққид ва адабиётшиноси фақид Атахон Сайфуллоев тааллуқ дорад ва дар фазои расонаӣ бештар мавриди радду бадалҳо қарор гирифтааст. Доир ба ин матлаб чӣ назар доред?
- Воқеан, матлаби доктори илмҳои филология, профессори шодравон Атахон Сайфуллоевро таҳти унвони «Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд», ки қаблан дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (7.06.2011) чоп шудааст, мутолиа кардам. Мақола муфассал аст ва устод Сайфуллоев бо такя ба далоили муътамади илмӣ, таърихӣ ва адабӣ ҳаракати босмачигариро ба унвони ҷунбиши зиддимиллӣ ва зиддиинсонӣ муаррифӣ кардааст. Ишора ба сарчашмаҳои зарурӣ мақоларо хонданбоб ва мувассақ намудааст. Аз ҷумла, Сайфуллоев бо истинод ба манбаи таърихии Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммадсаиди Балҷувонӣ «Таърихи нофеъӣ» ғорату тороҷгарӣ ва қатлу куштори босмачиёнро нишон медиҳад. Таманнои ниҳоии муаллифи китоби «Таърихи нофеъӣ» ин будааст, ки: «Илоҳо, диёри моро аз балои босмачӣ ва хунрезии бағайриҳақ дар амон дор!». Таманнои муаллифи ин асари таърихӣ имрӯз ҳам таманнои аҳли донишу маърифат аст. Дар асл, босмачиён на ба дин эътиқод доштанду на ба шариат. Дину шариати онҳо пулу мол ва сармояву дороӣ буду бас. Дин ва мазҳаб паноҳгоҳи ғоявии онҳо буд, ки тавассути он аъмоли хешро пӯшиши идеологӣ ва динӣ медоданд. Дар масоили миллӣ, аслан онҳо бетафовут буданд ва миллат ҳам надоштанд.

- Яъне босмачиро метавон як нафари беҳувият ва аҷнабӣ унвон кард?
- Дар мавриди шахсият ва ҳувияти поягузорону сарварони ҳаракати босмачигарӣ, мансубияти миллӣ ва қавмии онҳо бояд таваҷҷуҳи хонандаро ба ин масъала ҷалб намуд, ки то кадом ҳад ҳаракати босмачигарӣ бо миллати тоҷик бастагӣ дорад, ҳаммиллатони мо дар ин ҳаракат кадом нақшро мебозиданд ва «қаҳрамонӣ»-ҳои онҳо ба хотири кадом ҳадаф, зери парчами кадом қувваҳо ва баҳри ҳимояи манфиати киҳо равона гардида буданд? Анвар-пошо  (Исмоил Анвар) – шаҳрванди Олмон, сиёсатмадори моҷароҷӯ, пантуркисти ашаддӣ ният дошт, ки бо истифода аз ҳаракати босмачигарӣ инқилоби сотсиалистиро дар ҳудуди Осиёи Миёна сарнагун сохта, давлати Туркистони бузургро эъмор созад. Тавре аён мегардад, дар ҳаракати босмачигарӣ мавқеи асосӣ ва пешоҳанг ба аҷнабиён тааллуқ дошт ва онҳо аз ҷониби амир имтиёзоти зиёдеро дар Бухорои Шарқӣ бархӯрдор буданд. Сабаби аслиаш он буд, ки дар пахш кардани эътирозу шӯришҳо ва норозигиҳои мардуми кӯҳистон амирони Бухоро маҳз ҳамин бегонагонро ҳамчун  дастгоҳи ҷазодиҳанда истифода мебурданд.
Хулоса, муборизаи босмачиён ва пуштибонони онҳо ҳеҷ робитае бо ватанхоҳӣ ва ҳимояи манофеи миллати тоҷик надошт. Онҳо дар хизмати бегонагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардондани амири Бухоро Саид Олимхон ба тахти «вожгунаш» ва ё бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд. Ба иборати дигар босмачигарӣ, яъне ҳамин ҳизби ба ҳама маълуми террористии наҳзат мебошад. Ҳамон гароиши ба қатлу ғорат, ки хоси босмачӣ буд, ҳоло ҳамин наҳзат онро пайравӣ ва ҳукмфармо карданӣ аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 1291
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед