номаҳо
Саҳмия мегирем, то саҳм бигирем
Пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо сармояи худӣ анҷом бахшидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Воқеан, сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ба пойдории давлати мо ва рушди устувори Тоҷикистони азиз мусоидат мекунад. Албатта, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки нерӯгоҳ дар вақти муқарраргардида бунёд меёбад, зеро барои равнақи корҳои сохтмонии он давлату Ҳукумат ва тамоми шаҳрвандон саҳм мегиранд.
Мо, кормандони шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд, барои пешравии кори иншоот 16 ҳазору 600 сомонӣ ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун гузарондем. Минбаъд низ чунин ёрӣ расонида мешавад. Ба ҷуз ин саҳмияҳои нерӯгоҳро ҳар корманди шӯъба, яъне ҷамъ 69 нафар, харидорӣ менамояд.
Бадриддин АМИНОВ,
мудири шӯъбаи Бонки давлатии
амонатгузории «Амонатбонк»
дар шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3120