номаҳо
Ситоди мададгори сохтмончиёни НБО-и
Роғун таъсис ёфт
Ҷиҳати дастгирӣ аз пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди идомаи бунёди иншооти бузурги аср дар ноҳияи Восеъ ситоди ноҳиявии мададгори сохтмончиёни НБО-и Роғун таъсис ёфт. Тасмим гирифта шуд, ки ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сохтмончиёни нерӯгоҳ бо маводи ғизоӣ низ ёрӣ расонанд.
Ҳамин тавр, ситод 10 сар гов, 100 сар гӯсфанд, 8 тонна орд, 3 тонна биринҷ, 4 тонна сабзавот ва беш аз 4 ҳазор дона нон ба сохтмончиёни нерӯгоҳ дастрас намуд, ки маблағи онҳо зиёда аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дастаи ҳунарии шӯъбаи фарҳанги ноҳия ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадсафар Муродов дар назди сохтмончиён ҳунарнамоӣ карданд.
Директори генералии ҶСНК «РоғунИБОсоз» С.Сиямардов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи НБО-и Роғун Ш.Маҳмадаминов барои чунин кӯмак аз мардуми ноҳияи Восеъ ба унвони раис Султон Валиев номаи сипос ирсол карданд.
Бояд зикр кард, ки чунин дастгирии моддиву маънавӣ то анҷоми сохтмон идома меёбад. Саҳмияҳоро низ харидорӣ мекунем. Шахсан мақсад дорам, ки дар навбати аввал дар ҳаҷми 5000 сомонӣ саҳмия бихарам.
Маҳмадёр ДАВЛАТЁРОВ,
сардори Ситоди ноҳиявии мададгори
сохтмончиёни НБО-и Роғун дар ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3094